мулоқотҳо
Пазироии Бозор Собир аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Бозор Собир, ки солҳои зиёд дур аз Тоҷикистон, дар Амрико иқомат дошт, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири даъват барои бозгашт ба Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки "Шумо ҳамеша дар ёди мо будед ва ҳастед ва ин бори аввал нест, ки мо Шуморо ба Ватан даъват кардаем".
Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Тавре зикр гардид, Бозор Собир ин дафъа ба Ватан барои иқомати доимӣ баргаштааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.06.13 №: 76-77 Мутолиа карданд: 2653