илм
Эътирофи тибби тоҷик
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба 85-солагии Аъзам Пулодов, доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви Иттиҳоди байналмилалии ҷарроҳон, узви фахрии ҷарроҳони кӯдакона дар Федератсияи Русия ва Ҷамъияти ҷарроҳони Маскав ва вилояти Маскав, конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони "Дастовардҳо ва пешравиҳои ҷарроҳии кӯдакона" баргузор гардид. Онро Убайдулло Қурбонов, ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, бо суханони муқаддимавӣ ва табрикотӣ ифтитоҳ намуда, олимон ва шогирдони Аъзам Пулодовро, ки аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ташриф оварда буданд, хайра мақдам гуфт.
Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ба мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома медиҳад. Назар ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ 43 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Нусратулло Файзуллоев, президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ёдоварӣ аз ҳаёт ва фаъолияти Аъзам Пулодов гуфт, ки ӯ соли 1949 баъди хатми факултаи муолиҷавии Донишкадаи ба номи Сеченови шаҳри Маскав ба ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино омада, аз ординатор то ба зинаи профессорӣ расид. Таҳти роҳбариаш соли 1964 хадамоти ҷарроҳии кӯдаконаи Тоҷикистон ва кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи донишгоҳи мазкур таъсис ёфт. Солҳои тӯлонӣ сармутахассиси Вазорати тандурустӣ буд ва дар тарбияи шогирдон саҳми босазое гузошт.
Александр Разумовский, мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Русия ба номи Пирогов, зимни баёни таассуроташ гуфт, ки "Новобаста ба он ки як муддат робитаҳо заиф гардида, табодули таҷрибаҳои мо минбаъд дар соҳаи тандурустӣ қавӣ мегардад, зеро ба ҳамдигар ниёз дорем".
Аманкул Ҷумаев, муовини директори Маркази миллии ҷарроҳии кӯдаконаи Қирғизистон, таъкид кард, ки шогирдони Аъзам Пулодов дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Яке аз онҳо Елена Криленко мебошад, ки дар Донишгоҳи тиббии Қирғизистон ба ҳайси мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакона кор мекунад ва нисбат ба устоди хеш ва тоҷикону тоҷикистониён муҳаббати беандоза дорад. Ӯ зикр кард, ки мардуми қирғизу тоҷик на танҳо ҳамсоя, балки бародаранд, зеро ҳамсари Манаси афсонавӣ тоҷик буд ва мо қирғизҳо аз авлоди онҳоем.
Воқеан, боиси ифтихор аст, вақте ки олимони кишварҳои хориҷӣ нисбат ба тоҷикону тоҷикистониён бо меҳру садоқат ва муҳаббати самимӣ ҳарф мезананду ситоиш мекунанд.
Мунаввари САФАР, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.06.13 №: 76-77 Мутолиа карданд: 5989