қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 5:
- ба банди 1) пас аз калимаҳои "ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва" калимаҳои " ҳуқуқ ба моликият, инчунин" илова карда шаванд;
- банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6) талаботи бандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи мазкурро тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд;";
- банди 6) банди 7) ҳисобида шавад.
2. Ҷумлаи дуюми банди 3) қисми 1 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани маълумотро мақоми ваколатдор муайян мекунад.".
3. Дар қисми 1 моддаи 8:
- дар банди 4) калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"7) назорати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз - аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- банди 7) банди 8) ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 июни соли 2013, № 967
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 майи соли 2013, № 1200
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят
бадастоварда ва маблағгузории терроризм"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм"- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июни соли 2013, № 498
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.13 №: 82-83 Мутолиа карданд: 3958