қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ"
Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №11, мод. 275; с. 2005, №3, мод. 116; с. 2007, №5, мод. 355; с. 2008, №10, мод. 802; с. 2012, №8, мод. 816) сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблағҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 июни соли 2013, № 969
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 марти соли 2013, № 1097
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июни соли 2013, № 499
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.13 №: 82-83 Мутолиа карданд: 3844