мулоқотҳо
Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа
14 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз татбиқи лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, рушди деҳот, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзи сипос кард.
Вобаста ба имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори боварӣ карда шуд, ин кор таҳти васоёи Бонки ҷаҳонӣ босифат, шаффоф ва ба таври мустақил дар ояндаи наздик ба поён мерасад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳияи стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ барои 4 соли оянда, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманситон ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.13 №: Мутолиа карданд: 2732