logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода додани майдони мошинронӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, 5 июли соли 2013

Ҳозирини гиромӣ!
Дар байни халқи мо бунёди роҳ ва осон намудани мушкилоти одамон яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, сохтмону азнавсозӣ ва таҷдиди роҳҳои кишвар бо мақсади аз бунбасти нақлиётӣ раҳо додани Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешавад. Зеро роҳҳо ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва унсури муҳими таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, барои баромадан ба кишварҳои минтақа ва олам имконият фароҳам месозанд. Ва дар навбати худ мавҷудияти роҳҳои муосиру муҷаҳҳаз омили асосии рушди иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мутобиқ гардонидани роҳҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард мебошад. Айни замон мову шумо дар маросими ба истифода додани маркази муосири омодасозии мутахассисони касбии соҳа - майдони мошинронии шаҳри Қурғонтеппа қарор дорем, ки таъсиси он аввалин иқдоми созандаву саривақтӣ ва боиси дастгирӣ мебошад.
Бахшида ба оғози фаъолияти ин маркази навбунёд ҳамаи шумо - ширкаткунандагон ва масъулони соҳаро табрик мегӯям ва ба мутахассисону саҳмгузорону касбомӯзон барору комёбӣ орзу намуда, ба ташкилкунандагони ин маркази муосир изҳори сипос менамоям.
Солҳои охир бо мақсади рушди соҳаи ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот ислоҳоти бунёдӣ идома дошта, бо ташкили инфрасохтори зарурӣ сатҳу сифат ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо беҳтар шуда истодааст.Тавре ки огоҳ ҳастед, соли ҷорӣ терминали хизматрасонии автомобилии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд, ки бо фарҳанги баланди хизматрасонии мусофиркашонӣ ба маданияти шаҳрдорӣ ҳусни тоза зам намуд. Ҳамчунин дар ин раванд Тоҷикистон, сарфи назар аз кишвари кӯҳӣ буданаш, роҳҳои мошингарди ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро сохта, ба истифода дода истодааст.
Имрӯз мо имкон дорем, ки дар тамоми фаслҳои сол рафтуомади нақлиётиро дар байни минтақаҳои кишвар таъмин намоем. Дар баробари аз байн бурдани ранҷу машаққати мардум, инчунин мутахассисони ватанӣ имрӯз таҷрибаи кофии роҳсозӣ ва нигоҳдории онҳоро пайдо намуданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ронандагӣ ҳамчун шуғли дӯстдоштаи ҳар як нафар маҳсуб ёфта, дар баробари иҷрои касбу кори мухталиф, инчунин ин ҳунар касби дуюми аксари сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, соҳиби чунин касб шудан аз инсон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ахлоқиро талаб мекунад. Яъне идора кардани нақлиёт маънои бо қоида ва тартиботи муқарраршуда пура шинос будан ва риояи бечунучарои онро дорад. Зеро солҳои охир бо сабаби афзоиши бемайлони шумораи воситаҳои нақлиёт ҳолатҳои зиёди садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки як сабаби он дар сатҳи нокифоя омода шудани ронандагон дар муассисаҳои таълимии нақлиётӣ мебошад.
Дар мулоқоти имсолаи Президенти кишвар бо ҷавонони мамлакат зиёд гардидани шумораи садамаҳои нақлиётӣ, бахусус аз ҷониби ронандагони ҷавон ҳамчун падидаи ташвишовар арзёбӣ гардид.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар имконияти харидани мошинҳои сабукрав бевосита аз ҷониби ҷавонон пайдо гардида, инчунин аз ҷониби волидайн ба ҷавонони то синни 30-сола харидорӣ ва туҳфа кардани мошинҳои шахсӣ хеле зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, маданияти истифодаи мошини шахсӣ, бар зарари буҷети оилавӣ истифода нашудани он ва умуман рафтори ронандагони ҷавон бояд таҳти назорати доимии падару модарон бошад.
Бо мақсади таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва мушаххас намудани масъулияти волидайн соли гузашта қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул гардид, ки дар боби уҳдадориҳои волидайн маҳдудиятҳо дар самти гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва идораи нақлиёт барои фарзанд муқаррар шудаанд. Падару модарон бояд ин нуктаро дуруст дарк намуда, ҳодисаҳои нохуши бо гуноҳи ҷавонон содиршавандаро пешгирӣ намоянд.
Тибқи меъёрҳои муқарраршуда танҳо баъди расидан ба синни 21-солагӣ ҷавонон ҳуқуқи идораи нақлиёти мусофиркашониро пайдо мекунанд. Зеро тибқи муқаррароти мазкур бояд онҳо на кам аз се сол таҷрибаи ронандагиро пайдо намуда, баъдан барои идора кардани нақлиёти мусофиркаш соҳиби рухсатнома шаванд.
Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе ҷавонон бо сабаби таҷрибаи кам ё надоштани тахассуси зарурӣ ба мусофиркашонӣ машғул мешаванд, ки барои ҷомеа ҳамчун амали хатарнок маҳсуб меёбад.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки талаботи "Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ" зимни тайёркунии довталабон ба касби ронандагӣ дар доираи муҳлатҳои муқарраршуда чандон ҷавобгӯи талабот набуда, ба такмил ниёз дорад.
Бояд дар барномаҳои таълимии муассисаҳои мазкур дар баробари нозукиҳои касби ронандагӣ устодон ва коршиносон ба тарбияи ахлоқии онҳо, аз ҷумла муносибат бо атрофиён ва пиёдагардону ноболиғон эътибори зарурӣ диҳанд.
Дар ин замина, Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати бартараф намудани эродҳо ва иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, пеш аз ҳама, татбиқу риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии ронандагон, малакаву дараҷаи касбии онҳо ва ҷорӣ намудани техникаву технологияи замонавӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Аммо тибқи баъзе маълумотҳо ҳоло ҳам барои таъмини фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимии мазкур заминаҳои асосии ташкиливу ҳуқуқӣ, барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла барои омода намудани ронандагони сатҳи байналмилалӣ ва бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаву воситаҳои техникии муосир таъмин намудани онҳо такмилу тақвият мехоҳад.
Алҳол азнавсозии муассисаҳои соҳа ва таъмини онҳо бо техникаву технологияи нави омӯзишиву имтиҳонгирӣ ҷараён дорад ва дар кутоҳтарин муддат ин масъала ҳалли худро меёбад. Бо мақсади аз байн бурдани содиршавии амалҳои коррупсионӣ насбу истифодаи воситаҳои махсус, ки бо таҷҳизоти сабти аудио ва видеоӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ба роҳ монда шуда истодааст.
Имсол тибқи нақша дар миқёси кишвар 30 мактабҳои намунавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии муосир ба истифода дода мешаванд. Ҳар як мактаб бо воситаҳои зарурӣ, аз ҷумла нақлиёти сабукрав, автобус, мотосикл, компютер, воситаҳои варзишии замонавӣ, шабакаи баҳисобгириву назорати ронандагони ҷавон, маркази ягонаи иттилоотӣ ва технологияи навини таълим таъмин карда мешавад. Ҳамчунин татбиқи тартиби думарҳилагии имтиҳонсупорӣ пешбинӣ шудааст. Яъне мо имрӯз бо истифода аз имкониятамон усулҳои пешқадами таълими ронандагонро амалӣ карда истодаем.
Бояд қайд намуд, ки чунин усул танҳо дар Федератсияи Россия мавриди амал қарор дошта, Тоҷикистон дуюмин давлати дорои чунин усули муосир дар самти пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин раванд, ҷараёни машғулиятҳои амалӣ дар навбати аввал дар се автодром ё майдони махсуси минтақавии мошинронӣ роҳандозӣ карда хоҳад шуд.
Имрӯз мо шоҳиди ба кор шурӯъ намудани яке аз чунин автодромҳо ҳастем ва мебинем, ки он ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Айни замон бо харҷи маблағҳои буҷет ва воситаҳои ғайрибуҷетӣ 69 нуқтаи санҷиши давлатии ҳолати техникии нақлиёт фаъолият мекунад, ки бо таҷҳизоти муосири ташхисии ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Таҷриба нишон дод, ки ҷорӣ намудани равзанаи ягонаи муоинаи техникӣ бо истифода аз технологияи навин самараи хуб дода истодааст.
Масалан, агар соли 2008 аз ин самти фаъолият ба буҷети давлат 36 миллион сомонӣ ворид гардида бошад, пас ин рақам дар соли 2012 ба зиёда аз 83 миллион сомонӣ расидааст, ки фарқияти он қариб ба 50 миллион сомонӣ баробар аст.
Бояд гуфт, ки аз соли 2004 то инҷониб фаъолияти мо дар ин самт тибқи Конвенсияи байналмилалии Вена ташкил гардида, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат масъалаи ташкил намудани Барномаи ягонаи электронӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Таъсиси Барномаи ягонаи электронӣ ҳамчун махзани мукаммали маълумот барои таҳлили масъалаҳои ба қайди давлатӣ гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагиву техникии воситаҳои нақлиёт, қайди давлатии воситаи нақлиёт, муайян намудани шумораи шаҳрвандони дорои шаҳодатнома буда, инчунин бақайдгирии садама ва дигар қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, шумораи мактабҳои таълимӣ, сабти видеоӣ ва акси вайронкунандагони қонун ва намудҳои ҷарима шароити мусоид муҳайё менамояд.
Бунёди чунин шабакаи бисёрҷанбаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва бо иқтидори пурра ба фаъолият шурӯъ намудани он падидаи нав дар таърихи соҳаи нақлиёти мамлакатамон мебошад.
Барои боз ҳам беҳтар гардондани сифати корҳо дар самти таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳои мошингарди мамлакат ба Вазорати корҳои дохилии кишвар супориш дода мешавад, ки муҳлати бунёди шабакаи бисёрҷанбаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишварро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба фаъолият шурӯъ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Иқдоми имрӯза дар самти ба истифода додани чунин маркази муҳим тадбири созанда буда, ҷиҳати азнавсозии муассисаҳои таълимии соҳа ва таъмини онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Масъулини соҳаро зарур аст, ки фаъолияташонро ҷиҳати амалӣ намудани талаботи санадҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, барномаи ягонаи электрониро дар ин самт омода намоянд.
Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки дар муддати як сол барномаи таълимии ягонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул намуда, ба сифати таълим ва омодасозии мутахассисони дар чунин муассисаҳои таълимӣ таҳсилкунанда эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки масъалаи омода кардани устодони соҳибкасби соҳа барои таъмини муассисаҳои тайёркунии ронандагонро дар заминаи Донишгоҳи техникӣ ба роҳ монад.
Илова бар ин, ба вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва маориф супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳияи тартиби нави додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолият оид ба тайёр намудани ронандагони воситаҳои нақлиёт, назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии тайёркунии ронандагон ва бақайдгирии гурӯҳҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо бо ифтитоҳи майдони наву замонавии мошинронӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб барору комёбӣ орзумандам.
Бовар дорам, ки маркази навтаъсиси имрӯза минбаъд барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мусоидат намуда, низому тартибот, амнияти шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиётро ба танзим дароварда, барои тайёр намудани кадрҳои дорои донишу малакаи касбӣ, коҳиш ёфтани ҳолатҳои садамавӣ ва коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Ба шумо роҳи сафед ва иқболи баланд мехоҳам!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.07.13    №: 91    Мутолиа карданд: 3538
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед