мулоқотҳо
Суҳбати хотирмони Эмомалӣ Раҳмон бо Ари Айзен
10 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзенро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Ари Айзен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболовро шинос кард.
Зимни суҳбат доир ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, роҳҳои муассири дастгирии байналмилалии омилҳои рушддиҳанда ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,5% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,6%-ро ташкил додааст.
Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар рӯ ба рӯи буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии беруна ба дастгирии байналмилалӣ ниёз дорад.
Аз ин хотир, ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.13 №: 93 Мутолиа карданд: 2404