logo

муҳоҷират

Муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилот ва дурнамо

- Муҳоҷирати корӣ тӯли солҳои охир барои Тоҷикистон ба яке аз масоили муҳими дорои аҳамияти  иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ  табдил ёфта, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта қариб тамоми сокинони кишварро фаро мегирад. Аз ин хотир, таҳлил ва баррасии амиқи раванди  муҳоҷират ва дарёфти роҳҳои  ҳаллу фасли мушкилоти он амри зарурист.
Ин матлабро Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронси илмию амалии "Масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилот ва дурнамо", ки дар ин марказ доир гардид, иброз дошт. Дар конфронс олимон, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажуҳишгоҳҳои тадқиқоти илмӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, коршиносону кормандони созмонҳои байналмилалии муҳими Тоҷикистон, ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  иштирок карда, паҳлуҳои гуногуни раванди муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Қурбонов, то ҳол оид ба теъдоди умумии муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар ва маблағҳое, ки онҳо мефиристанд, иттилои амиқ  вуҷуд надорад. Албатта, аз ҷониби сохтору идораҳои дахлдор якчанд тадқиқоти илмӣ гузаронда шуд ва он имкон медиҳад, ки мақомоти расмии давлатӣ, дигар хоҳишмандон роҷеъ ба  вазъи кунунии раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон ва берун аз он маълумот пайдо намоянд. Аммо таҳлилу таҳқиқи амиқу ҳамаҷиҳата аз тарафи мақомоти марбута дар сатҳи зарурӣ амалӣ нашудааст.
Зикр гардид, ки аксари муҳоҷирони корӣ (53 дарсад) ҷавонони аз 15 то 29-соларо ташкил медиҳанд ва бештари онҳо ихтисоси муайян надоранд. 
Тавре маълум аст, дар бозори меҳнат қувваи корӣ, сарфи назар аз дараҷаи тахассус, харидор дорад. Инро пеш аз ҳама дар мисоли Русия  метавон мушоҳида кард, ки қабулкунандаи асосии муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад. Бештари муҳоҷирони дар Федератсияи Русия фаъолиятдошта, дониши касбӣ ва ҳуқуқӣ надоранд, ки боиси поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо мегардад.
Ҷамшед Икромов, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси тамоюлҳои муҳоҷирати берунаи шаҳрвандони Тоҷикистон ибрози андеша намуда, афзуд, ки роҳи дуруст дар ҳалли мушкилоти мавҷуда, ташкили бештари ҷойҳои кории музднок дар Ватан аст.
- Масъалаи дигаре, ки масъулони соҳа барои ҳаллу фасли он бояд сари андеша раванд-, гуфт Абдураҳмон Қурбонов,- ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони корӣ мебошад. Зеро то имрӯз таъмини нафақа ва суғуртаи давлатии иҷтимоии муҳоҷирони корӣ, ки берун аз кишвар фаъолият доранд, ҳалли худро наёфтааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт баъзе тадбирҳо андешид, вале то ҳол бобати он хулосаву мавқеи мушаххас маълум нест.
Гуфта шуд, маблағҳое, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон мефиристанд, дар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ нақши муассир дорад. Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ танҳо соли 2011 маблағи аз ҳисоби муҳоҷирон ба ҷумҳурӣ воридгардида, 47 дарсади ММД - ро ташкил намуд. Ин аз як тараф баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда бошад, аз ҷониби дигар то андозае теъдоди оилаҳои камбизоат ва ба дастгирии ҳифзи иҷтимоии давлатӣ эҳтиёҷдоштаро кам намуд.
- Баъзе ҷавонон бо андеша ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба муҳоҷират мераванд, вале аз он ҷо бо тафаккури ифротиву хурофотӣ бармегарданд ва  нодида гирифтани ин гуна тамоюл метавонад оқибатҳои нохуш ба бор орад, - гуфт Абдураҳмон Қурбонов.
Дар конфронс ҳамчунин паҳлуҳои дигари ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ - таъмини  ҳифзи  саломатӣ,  ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони  онҳо  дар дохил ва хориҷи кишвар, таъсири муҳоҷирати дохилӣ ва берунӣ ба муҳити ахлоқӣ ва саломатии шаҳрвандон, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ,  рушди муҳоҷирати зеҳнҳо (шахсони дорои қобилияти фаъоли меҳнатӣ) мавриди баррасӣ  қарор гирифт. 
Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон  ҳозирон ба хулоса омаданд, ки масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ муносибати махсус ва беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад. Аз ин рӯ, иштирокдорони ҳамоиш амалӣ сохтани тадбиру тавсияҳои зеринро ба мақсад мувофиқ шумурданд:
Таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаи муҳоҷирати меҳнатӣ, нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар; барои ба низоми муайян даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вобаста кардани фаъолияти соҳа ба як сохтори давлатӣ; ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии пеш аз сафар, аз ҷумла, омӯзиши касбҳои коргарӣ, забони русӣ ва қонунгузорӣ оид ба муҳоҷират дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ; фарогирии онҳо бо суғуртаи иҷтимоӣ, ёрии гуногун ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва муваққатан гум кардани қобилияти корӣ;  тақвият додани ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар бо мақсади ба роҳ мондани будубоши расмии муҳоҷирони корӣ; таҳлили ҳамаҷониба ва мукаммали  сабабу омилҳои  аз ҷумҳурӣ рафтани кормандони меҳнати фикрӣ ва муайян намудани теъдоди онҳо дар давраи истиқлолият.
 
Шаҳнози ҚУРБОН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.13    №: 94    Мутолиа карданд: 25598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед