барқияҳо
Барқияи шодбош ва таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд
14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишваратон - солгарди ба даст овардани Бастилия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти Франсия табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.
Мо Ҷумҳурии Франсияро шарики дерина ва муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми Франсия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.13 №: 95 Мутолиа карданд: 3422