мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Лаура Фриҷенти
17 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Лаура Фриҷенти, ки тирамоҳи имсол ба мақоми ноиби минтақавии Президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид, иттилоъ дод, ки ҳадафи сафараш мулоқотҳо бо роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шиносоии бевосита бо масоили ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии рушди ин минтақа мебошад.
Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва неруи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Бо ёдоварӣ аз 20 соли ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла зикр гашт, ки дар ин муҳлат аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди босубот дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.
Изҳори боварӣ шуд, ки ҳамкории минбаъда низ пурсамар гардида, ба рушди бештари иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 2565