номаҳо
Мусулмононро фиреб надиҳед
Ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи рамазон тақвимҳои гуногунро бархе нашр мекунанду мефурӯшанд, ки ба ҳамдигар мутобиқат наменамоянд. Рӯзадорон дар ин маврид ба шубҳа меафтанду мепурсанд, ки ба кадоме аз онҳо бовар кунанд. Мепиндоштам, ки масъулин барои ҳалли мушкил имсол камари ҳиммат мебанданд, аммо…
Ҷойи таассуф боз дар он аст, ки ин гуна тақвимҳои хаторо баъзе аз ҳафтаномаҳои хусусӣ низ ба табъ мерасонанду мушкилиро дучанд месозанд. Ҳол он ки душвор нест тақвими дурустро аз Шӯрои уламои исломии кишвар дастрас намоянд.
Умед мебандам, ки ин камбудӣ соли оянда ислоҳ гардад. Охир нобахшиданист, ки бо фиреб пули мусулмононро бигиранду дар ивази он гумроҳашон созанд.
Ҳасан ФАЙЗУЛЛОЕВ,ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 5196