номаҳо
Китобҳои Айнӣ беғалат чоп шаванд
Аз рӯи муҳаббате, ки ба устод Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти навин, Қаҳрамони Тоҷикистон, доштам, китоби "Ёддоштҳо"-и ӯро харидам. Хостам, пеш аз он ки фарзандонам онро мутолиа намоянд, худам бихонам. Ҳангоми хондан табъам хира гардид, зеро китоб бо хатоҳои зиёд ба табъ расидааст. Чаро нисбат ба устоде чун Айнӣ ин гуна муносибатро раво дидаанд? Охир китоби пурғалат чӣ гуна метавонад дониши хонандаро афзояд?
Фикр мекунам, ки мутахассисони соҳа сари ин масъала андешаҳояшонро иброз медоранд ва нашри минбаъдаи китобҳои сардафтари адабиёти навинро бо эҳсоси масъулият ба роҳ мемонанд.
М. РАСУЛОВ,
шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 5308