номаҳо
Вазорати маориф бояд беморхонаи
худро дошта бошад
Ман омӯзгори собиқадор. Маошам ба рӯзгорам намерасад. Шиддати дард маро ба беморхонаҳои пойтахти кишвар бурд. Барои даҳ рӯз хоб кардан маоши якмоҳаамро бояд месупурдам. Албатта, барои ташхису табобат, харидани доруҳо боз аз ин бештар пул лозим буд. Андешидам, ки ин қадар пули калонро мани бефарзанд аз куҷо пайдо мекунам. Ягона илоҷи корро дар он дидам, ки бо гиёҳҳои табиӣ худро даво бахшам, агарчи намедонам ба чи натиҷа мерасам.
Агар танҳо ман гирифтори чунин мушкил мебудам, ҳаргиз дар ин хусус наменавиштам. Ҷойи таассуф дар он аст, ки бисёре аз омӯзгорон на пеши роҳи дардро гирифта метавонанд (дар беморхонаҳо), на имкони табобатро доранд. Дар ин сурат оё мумкин нест, ки Вазорати маориф барои тандуруст нигоҳ доштани омӯзгорону кормандонаш беморхонаи худро таъсис диҳад, чунон ки баъзе аз вазорату ташкилотҳо кардаанд?
С. ҶУМЪАЕВ,
шаҳри Қурғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 5434