номаҳо
Бо гузаштагон биноз, барои ояндагон бисоз
Кӯдак аввалин тарбияро аз оила мегирад. Дар мактаб ӯро таълим медиҳанд. Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки ба ин масъала ҷиддӣ диққат диҳанд. Ҳама борро ба мактаб, ба омӯзгор ҳавола насозанд. Агар хоҳем, ки бузургмард ба камол расонем, бояд миёни оила ва мактаб робитаи ногусастаниро ба роҳ монем. Ҳар як наврас, ҳар як ҷавон, ба гуфти Лоиқ Шералӣ, бо гузашта бинозад, вале кӣ будану кӣ шудани худро низ бояд андеша намояд. Тавассути омӯзиш, тавассути азму талошҳои пайгирона қуллаҳои баланди мақсудро кас фатҳ менамояд.
Мо - ҷавонон бояд аз ин шароитҳои дурусти таълим, фазои орому осуда босамар истифода бурда, беҳтарин ва гуворотарин айёми умри худ, айёми тилоии умрро тавре сипарӣ намоем, ки фардо пушаймон нашавем.
Нусратуллои МАҲМАДУЛЛО,
донишҷӯи бахши 3-юми ДДСТ ба номи
М. Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 5327