номаҳо
Шаб кӯча дар ихтиёри сагҳост
Баъзе аз шабҳо хоб надорем. Овози сагҳо ончунон баланду даҳшатовар аст, ки мепиндорем ба кадом як раҳгузари танҳо ҳуҷум бурдаанд. Субҳи содиқ низ ин "эстрада" такрор меёбад. Аз тарси сагҳои калону бесоҳиб барои гузоридани намози бомдод ба масҷид рафта наметавонем.
Худо накунад, ки дар нимаи шаб корафтода шавию зарурати ба берун баромадан ба вуҷуд ояд. Ин ҳоли бадро масъулони зинаҳои поёнӣ агарчи хуб медонанд, ҳеҷ тадбире намеандешанд. Ба ин иктифо мекунанд, ки дар ҳалли масъалаи мазкур оҷизанд. Пас, ин масъаларо мо бояд ба масъулони зинаҳои болоӣ расонем? Хуб. Инак, ба воситаи ин нома расондем. Бисёр бад аст ва ҳам айб агар пас аз ин ҳам он ҳал нагардад. Охир мо дар пойтахти кишвар, шаҳри ободу зебо зиндагӣ дорем!
С. ВАФОЕВ,
кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.13 №: 96 Мутолиа карданд: 5430