logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими оғози фаъолияти корхонаи коркарди нафт, 20 июли соли 2013, ноҳияи Шаҳринав

Ҳозирини арҷманд!
Расо ду сол қабл, яъне моҳи июли соли 2011 ҳангоми боздид аз ноҳияи Шаҳринав мо ба бунёди корхонаи коркарди нафт ҳусни оғоз бахшида будем. Ва имрӯз мову шумо шоҳиди ба фаъолият шурӯъ намудани навбати аввали нахустин корхонаи муосири кишварамон оид ба коркарди нафти хом гардидем. Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, меҳмонони иззатманд ва кулли сокинони заҳматқарини ноҳияро табрик гуфта, ба ҳамаи бинокорон ва саҳмгузорони ин корхонаи нави саноатӣ миннатдории Ҳукумати мамлакатро иброз менамоям.
Корхонаи имрӯза аз ҷониби Ҷамъияти «Капитал» ва бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ сохта шуда, айни замон он бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафт ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамзамон бо ин, дар нақша аст, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати дуюми истеҳсолии корхона, яъне то охири соли 2014 иқтидори он ба коркарди 300 ҳазор тонна нафти хом расонда мешавад. Ҳоло дар корхона 110 нафар коргару мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, баъди ба кор шурӯъ кардани навбати дуюми он шумораи коргарон ба 300 нафар расонда мешавад.
Тавре огоҳ ҳастед, имрӯз барои кишварҳои сайёра таъминот бо маводи сӯзишворӣ ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфта, давлатҳои хурду бузурги олам талош менамоянд, ки ба захираҳои ғании энергетикӣ соҳиб шаванд. Бинобар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ба истифодаи самараноки захираҳои табиии ватанӣ, ҳарчи бештар коҳиш додани вобастагии мамлакат аз маводи сӯхти воридотӣ ва фароҳам овардани замина барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат равона гардидааст.
Роҷеъ ба ин масъала бори дигар таъкид менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъмини талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маводи сӯхт корҳои ҷустуҷӯиву иктишофиро дар майдонҳои ояндадори нафту газ боз ҳам вусъат бахшанд. Зеро талаботи солонаи мамлакат ба маводи сӯхт то як миллион тоннаро ташкил медиҳад ва эҳтиёҷот ба сӯзишворӣ торафт меафзояд. Аз ин рӯ, бо мақсади қонеъ намудани талаботи кишвар ба сӯзишворӣ Ҳукумати мамлакат бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ ва бо ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Феълан дар мамлакат дар самти кашф, пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ 11 ширкати ватаниву хориҷӣ фаъолият дорад. Ҳоло дар қаламрави мамлакат дар самти кашфи конҳои нафту газ як қатор ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Русия, Фаронса, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин корхонаи «Нафту газ ва ангишт» - и кишварамон босамар фаъолият доранд. Дар ин раванд дар шаҳри Конибодом бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ сохтмони боз як корхона бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафт дар як сол идома дорад, ки дар нимсолаи аввали соли оянда ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки маҳз тавассути бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне корхонаҳои нави саноатӣ бо воридоти технологияи ҳозиразамон, баланд бардоштани неруи иқтисодии мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ҳамин асос ҳаллу фасл намудани масъалаҳои иҷтимоии сокинони мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини соҳаи саноати кишвар мебошад. Дар кишварамон айни замон 7 корхонаи хурди коркарди нафт фаъолият дорад ва пешбинӣ шудааст, ки баробари ба истифода додани хати нави истеҳсолии корхонаи имрӯза дар ояндаи наздик коркарди нафт ба 500 ҳазор тонна расонда мешавад.
Хотирнишон месозам, ки бунёд намудан ва ба кор даровардани корхонаҳои коркарди нафт низ аз натиҷаву самараҳои неки замони соҳибистиқлолии давлатамон мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамасола 80-85 фоизи нафти истихроҷшуда дар корхонаҳои мавҷудаи соҳа коркард шуда, маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо барои рушди иқтисодиётамон равона мегардад.
Дар ҳолати пурра ба кор шурӯъ намудани корхонаҳои ватании коркарди нафт як қисми талаботи дохилии мамлакат ба маводи сӯзишворӣ таъмин гардида, сатҳи талабот ба ин намуди маҳсулот дар бозори дохилӣ паст карда мешавад. Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони корхонаҳои коркарди нафтро зарур аст, ки дар самти истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда ва воридоти маҳсулот бо мақсади коркарди он тадбирҳои иловагӣ андешида, бо истифода аз ҳамаи имконияту воситаҳо ҷиҳати ҳарчи бештар бунёд намудани корхонаҳои нави коркарди маҳсулот бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар ин росто, Ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия дар ноҳияи Шаҳринав пармакунии чоҳи ҷустуҷӯиро то умқи 6450 метр ба анҷом расонд. Қобили зикр аст, ки то ҳол дар миқёси Осиёи Марказӣ чоҳ бо чунин умқи зиёд парма нашудааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Конибодом бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ пармакунии чоҳи умқаш 4810 метр дар мавзеи Маҳрам ба охир расида, корҳои омӯзишиву озмоишии қабатҳои нафтдор идома доранд. Ғайр аз ин, дар ҳудуди ноҳия захираҳои дигари ашёи хоми саноатӣ кашф шудаанд, ки барои рушди минбаъдаи ноҳия ва умуман иқтисодиёти кишвар дорои аҳамияти муҳим мебошанд.
Итминони комил дорам, ки дар муҳлатҳои наздик чораҳои андешидаистодаи Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бо нафту гази ватанӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд ва ба устувории амнияти иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тараққиёти босуръати ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав заминаи боэътимод мегузоранд.
Дӯстони азиз!
Ноҳияи зебоманзари Шаҳринав дорои имкониятҳои хуби табиӣ буда, саҳми мардуми заҳматкаши он дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва таҳкими ваҳдати миллӣ хеле назаррас мебошад.
Бо мақсади таъмин кардани пешрафту ободонии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015» қабул гардид, ки татбиқи он ҳоло бомуваффақият идома дорад. Тибқи барномаи зикршуда аз соли 2009 то инҷониб 24 иншооти замонавӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлативу сохторҳои низомӣ, дармонгоҳу беморхона, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширу коркарди мева, инчунин мактабу муассисаҳои томактабӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон бо ин, дар муҳлатҳои наздиктарин боз 25 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад. Бар замми ин, сохтмону азнавсозии инфрасохтори иҷтимоии ноҳия, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳ, таҷдиду азнавсозии роҳи марказӣ ва шабакаи оби ошомиданӣ идома доранд.
Соли 2012 танҳо дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 8 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамасола маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳия афзоиш ёфта, дар ҳафт соли охир қариб 1,5 баробар зиёд гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла бунёду азнавсозии роҳу пулҳо, иншооти маорифу тандурустӣ ва иншооти дигари иҷтимоӣ беш аз 160 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла дар доираи амалисозии лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода 11 километр роҳи ҳудуди ноҳияи Шаҳринав низ таҷдиду азнавсозӣ карда мешавад. То имрӯз дар ноҳия 14 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва бештар аз 40 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва қисман барқарор карда шудаанд.
Дар иртибот ба масъалаҳои зикршуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ба нақша гирифташуда, инчунин дар самти рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххас амалӣ созанд.
Ҳамчунин, роҳбарону мутахассисони корхонаҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд, ки бо истифода аз маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҷӯӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки саҳми кишоварзони ноҳия дар ғанӣ гардондани дастурхони сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф назаррас мебошад. Танҳо дар мавсими имсола аз ҳисоби заҳмати деҳқонони ноҳия ба аҳолии пойтахти мамлакат ҳазорҳо тонна меваи тару тоза ва сабзавот дастрас карда шудааст. Обу хоки ҳосилхези ин диёр имкон медиҳад, ки дар ноҳия истеҳсоли ду-се ҳосил аз як қитъаи замин васеъ ба роҳ монда шавад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 9 баробар ва ғалладона 30 баробар зиёд шудааст, ки ин боиси таҳсин мебошад. Инчунин дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 36 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллион сомонӣ ё беш аз 36 фоиз зиёд мебошад.
Вобаста ба ин, ба масъулони соҳа супориш дода мешавад, ки ҷиҳати пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди саноатии он чораҳои саривақтӣ андешида, дар баробари ин, ҷиҳати вусъатбахшии маъракаи кишти такрории зироатҳо чораҷӯӣ намоянд. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем таъминоти аҳолиро бо маводи ғизоии худӣ беҳтар гардонда, амнияти озуқавории мамлакатро таъмин созем. Ҳамчунин, истифодаи оқилонаи обу замин, рушди боғу токпарварӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия буда, омили фаровониву арзонии нархҳо дар бозорҳо ва беҳтаршавии шароити зиндагии сокинон мебошад. Ҳамзамон бо ин, рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт омили асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва муҳайёсозии шароити арзандаи зиндагӣ мебошад.
То имрӯз якчанд барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии мамлакат ба тасвиб расидаанд, ки тибқи онҳо дар давоми ҳафт соли охир дар ноҳияи Шаҳринав беш аз 9 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шудаанд. Аз шумораи умумии аҳолии ноҳия 46 ҳазор нафар қобили меҳнат буда, 8600 нафар дар соҳаи иқтисодиёт ба фаъолият ҷалб гардидаанд. Танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия қариб 1200 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ман дар ҷараёни ҳар як сафари худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша таъкид менамоям, ки дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон, дар замири ҷавонон парваридани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва садоқат ба Ватан, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандиву гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, инчунин риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва танзими баргузории расму оинҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Ман андешаҳои худро доир ба ин масъалаҳо дар суханрониҳои худ, аз ҷумла ба ифтихори Рӯзи модар, мулоқот бо ҷавонони мамлакат, Паём ба парламент ва чанд рӯз пештар дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар муфассал иброз намудам ва дар назди Ҳукумат, вазорату идораҳо ва умуман ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас гузоштам. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар баробари сохтору мақомоти марказии давлатӣ, инчунин фаъолону зиёиён, роҳбарони ҷамоатҳову кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, шахсони обрӯманду пирони рӯзгордида ва умуман тамоми аъзои ҷомеа масъулият доранд.Зеро ободиву пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон, тақвияти иқтидори иқтисодии он ва таҳкими суботу оромии мамлакат аз тамоми афроди ҷомеа вобаста мебошад.
Инчунин хотиррасон месозам, ки дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дар баробари иҷрои дигар фаризаҳои дини мубини ислом ҳар як шахси саховатманду соҳибкор ва роҳбарони ташкилоту идораҳоро зарур аст, ки ба ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат кӯмаку ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки гузарондани ифтор ва истиқболи иди фитрро ба маъракаи намоишкоронаву серхарҷ табдил додан кори хуб нест. Баръакс, ба ҷои болидану нозидан аз сарвату дороӣ ва исрофкориву намоишкорӣ маъракаҳоро ҳарчи сабуку камхарҷ гузарондан ва аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда ба муҳтоҷону камбизоатон кӯмак кардан, инчунин анҷом додани дигар корҳои хайр айни савоб ва камоли имондорӣ мебошад. Илова бар ин, зарур аст, ки ба масъалаҳои тозагӣ ва зебову ороста гардондани кӯчаву маҳалли зист, инчунин таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии ноҳия, омодагии иншооти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва захира намудани маҳсулоти дусолаи ғизоӣ дар ҳар як оила аҳамияти махсус зоҳир карда шавад.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо - сокинони заҳматкашу иззатманд ва меҳмоннавози ноҳияи Шаҳринавро ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳия табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу рӯзгори обод ва дар раванди ободии кишварамон барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.13    №: 98-99    Мутолиа карданд: 3533
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед