мулоқотҳо
Оғози сафари кории Президент
ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав
20 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои ин водии зарнисор бо шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши деҳқонони хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор оғоз ёфт. Дар ин ҷо, асосан ба ҳосили фаровони ҷуворимакка барои дон, ки аз тухмии нави навъи пионер 31N27 гибрид F1 ба даст омадааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагӣ аз ин навъи тухмӣ беш аз 120 - сентнерӣ дони ҷуворимакка аз ҳар гектараш рӯёнданианд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани коркарди пурраи агротехникӣ аз ин навъи тухмӣ то 140 - сентнерӣ дон аз ҳар гектар ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи кишоварзии кишвар дастур дод, ки истифода аз чунин тухмиҳои серҳосил ва умуман таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони асил дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.
Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагӣ асосан бо сабзавоткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво машғул буда, дар парвариши дигар зироатҳо низ таҷрибаҳои ибратбахш касб намудаанд. Масалан, аз ҳар гектар картошкаи барвақтӣ то 340 - сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки барои ин мавсим ва ин минтақа нишондоди рекордӣ будааст.
Кишти такрорӣ низ дар ин хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. То имрӯз дар майдони 34 гектар кишти дубораи зироатҳои ба ин мавсим мувофиқ ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи роҳбарияти ноҳия, нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ имсол дар тамоми ноҳия баланду умедбахшанд. Масалан, дар ҳоҷагии Баракати чорводори ноҳия аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 800 - сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки ин ҳам дастоварди хеле баланд аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.13 №: 98-99 Мутолиа карданд: 2448