мулоқотҳо
Ҳисоботҳои телефонӣ ба Президент
23 июл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Тавилдара, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисобот таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладона ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон, ҳамчунин фаровон захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон аз ҳар ваҷаб замини корам ва ҳамаи имконоти дигари мавҷуда пурсамар истифода баранд. Дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи иди саиди Фитр ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат бояд дасти ёрӣ дароз карда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони ноҳияҳои номбурда доир ба иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои ин кор дар нимсолаи якуми соли равон ва андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.
Доир ба вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки ба омодасозии иншооти соҳаи маориф ба соли нави хониши 2013 - 2014 ва ба зимистони пешомад таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.13 №: 100-105 Мутолиа карданд: 2432