қонунҳои ҶТ
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809; №12, қ.1. мод. 997; с. 2013, №3, мод 176) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 9:
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.";
- қисмҳои шашум ва ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.";
- қисмҳои ҳаштум, нӯҳум, даҳум ва ёздаҳум хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 119:
- аз қисми якум калимаи "зерини" хориҷ карда шавад;
- қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 972
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 майи соли 2013, № 1180
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 504
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.13 №: 100-105 Мутолиа карданд: 3965