қонунҳои ҶТ
Қонуни
конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ
БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ
ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Дар қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с.2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ.1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810) калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 973
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани
тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 марти соли 2013, № 1111
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи мақомоти прокуратураи
Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 505
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.13 №: 100-105 Мутолиа карданд: 3953