қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
- дар сархати чорум аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд.
2. Моддаи 4 ва қисми 4 моддаи 5 хориҷ карда шаванд.
3. Аз моддаи 6 калимаҳои ", демократизм, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ошкорбаёнӣ" хориҷ карда шаванд.
4. Моддаҳои 13, 14 ва 15 хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 42 калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад.
6. Аз санксияи моддаи 314 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати се моҳ" хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 318:
- аз санксияи қисми 1 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд;
- аз санксияи қисми 2 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол" хориҷ карда шаванд.
8. Аз санксияи қисми 2 моддаи 324 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд.
9. Аз санксияи қисми 4 моддаи 325 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд.
10. Аз санксияи моддаи 326 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз ду то се моҳ" хориҷ карда шаванд.
11. Дар ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 467, диспозитсияи моддаи 487, ном, диспозитсияи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 488, ном ва диспозитсияи моддаи 489, ном, диспозитсия ва санксияи моддаи 490, ном ва диспозитсияи моддаи 491, ном ва диспозитсияи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 492 калимаҳои "яроқи", "яроқро" ва "яроқ" мутаносибан ба калимаҳои "силоҳи", "силоҳро" ва "силоҳ" иваз карда шаванд.
12. Фасли III (бобҳои 41, 42, моддаҳои 692 - 732) ва Фасли IV (бобҳои 43 - 51, моддаҳои 733 - 853) хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 980
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 апрели соли 2013, № 1135
Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйирот
ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 512
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.13 №: 100-105 Мутолиа карданд: 4214