қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ РӮЗИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛИИ ХАЛҚИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН ЭЪЛОН КАРДАНИ
26 НОЯБРИ СОЛИ 1992"
Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1992 "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №23, мод. 326) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 990
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани
26 ноябри соли 1992"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 майи соли 2013, № 1195
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992" - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 523
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.13 №: 100-105 Мутолиа карданд: 3944