logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИПОТЕКА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи ипотека" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 185; №10, мод. 798; с. 2010, №7, мод. 557) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 7 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд.
2. Ба моддаи 8 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки ба ду ва зиёда шахсони воқеӣ барои истифодаи якҷоя (бе ҷудокунии ҳиссаи ҳар як саҳмдор дар қитъаи замини умумӣ) дода шудааст, ҳангоми мавҷудияти розигии хаттии ҳамаи саҳмдорон мумкин аст ба гарав гузошта шавад.".
3. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои "Бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои кредитӣ" ба калимаҳои "Ташкилотҳои қарзӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаҳои "замини таъиноти кишоварзӣ" ба калимаҳои "замин бо ҳуқуқи бегона намудани он" иваз карда шаванд.
5. Ба моддаи 12 пас аз калимаи "иҷора" калимаи ", сервитут" илова карда шавад.
6. Дар моддаи 13 калимаи "қонунгузории" ба калимаҳои "тартиби муайяннамудаи Ҳукумати" иваз карда шавад.
7. Қисми 1 моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Молу мулки тибқи шартномаи ипотека ба гарав гузошташуда бо розигии гаравгир мумкин аст аз ҷониби гаравдеҳ ба дигар шахс бегона карда шавад, аз ҷумла бо роҳи фурӯш, тӯҳфа, иваз кардан ва гузаронидани он ба сифати саҳм ба молу мулки ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ ва ё аъзоҳаққии саҳмӣ ба молу мулки кооперативи тиҷоратӣ.".
8. Дар моддаи 33:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Баъд аз бори аввал вайрон кардани мӯҳлати пардохт аз тарафи гаравгир ба гаравдеҳ огоҳинома фиристода, таъкид мегардад, ки агар қарз минбаъд дар мӯҳлати муқарраршуда пардохт нашавад, шартномаи ипотека вайронкарда ҳисобида шуда, маблағи қарз метавонад аз молу мулки ба гарав гузошташуда ситонида шавад.";
- қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Гаравгир дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ то ситонидани маблағи қарз аз молу мулки ба гарав гузошташуда бояд ба гаравдеҳ дар бораи иҷро накардани ӯҳдадориҳояш аз рӯи шартномаи ипотека огоҳиномаи хаттӣ бо зикри номгӯи ӯҳдадориҳои иҷронашуда пешниҳод намояд.".
9. Дар моддаи 45:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Гарави ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин нисбат ба қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаашон бе ҳуқуқи бегона намудани онҳо ба даст оварда шудааст, манъ аст.";
- қисмҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.
10. Дар ном ва қисми 1 моддаи 46 калимаҳои "замини таъиноти кишоварзӣ" ба калимаҳои "замин бо ҳуқуқи бегона намудани он" иваз карда шаванд.
11. Ба моддаи 47 пас аз калимаҳои "қитъаи замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 48:
- ба номи модда ва қисми 1 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи замини" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд;
- ба матни қисмҳои 3 ва 4 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи замини" ва "ҳуқуқи истифодаи замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи заминро" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд;
- дар қисми 6 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда, калимаҳои "Қонуни мазкур" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 49:
- дар номи модда калимаҳои "замини таъиноти кишоварзӣ" ба калимаҳои "замин бо ҳуқуқи бегона намудани он" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "замини таъиноти кишоварзӣ" ба калимаи "замин" иваз карда, пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи онро" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд;
- дар матни қисми 2 калимаҳои "замини таъиноти кишоварзӣ" ба калимаҳои "замин бо ҳуқуқи бегона намудани он" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 994


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
 Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 феврали соли 2013,  № 1077

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" - ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 527


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 4107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед