logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти аудиториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни амалӣ намудани он ба миён меоянд, танзим менамояд. 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- аудит - санҷише, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз тарафи аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ мутобиқи стандартҳои аудит, бо мақсади изҳор намудани ақидаи мустақил оид ба саҳеҳӣ ва мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти марбут ба ҳисоботи молиявӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ё стандартҳои миллии ҳисобдорӣ гузаронида мешавад;
- фаъолияти аудиторӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба гузаронидани аудит ва дигар хизматрасонии марбут ба он, ки аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ амалӣ менамояд;
- аудити беруна - санҷише, ки нисбат ба субъекти санҷидашаванда аз ҷониби аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудитории мустақили ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда гузаронида мешавад;
- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва беғаразонаи сохтори таъсисдодашуда ё басти алоҳидаи аудитори дохилии субъекти  хоҷагидорӣ оид ба гузаронидани санҷиш, арзёбӣ ва машваратдиҳии низоми идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат ба риояи қонунгузорӣ, фаъолияти самаранок ва натиҷабахши субъекти хоҷагидорӣ амалӣ мегардад;
- аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии шахсони ҳуқуқӣ;
- аудити ташаббусӣ - аудите, ки бо ташаббуси субъекти санҷидашаванда ё дигар фармоишгари аудит бо назардошти ӯҳдадориҳои мушаххас, мӯҳлат ва ҳаҷми аудит гузаронида мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатии танзими фаъолияти аудиторӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи  марказии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти аудиториро  танзим менамояд;
- аудитор - шахси воқеие, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷавобгӯ буда, дорои Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ мебошад;
- аудитори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти аудиториро мустақилона амалӣ намуда, дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад;
- ташкилоти аудиторӣ - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ таъсис дода шуда, дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
 - ташкилоти касбии аудиторон - ташкилоти ғайритиҷоратии аз аккредитатсия гузаштае, ки аудиторон ва ё муҳосибони касбиро муттаҳид менамояд;
- стандартҳои аудит - талаботи ягона оид ба тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, барасмиятдарории натиҷаҳо ва назорати сифати он;
- стандартҳои миллии аудит - стандартҳое, ки барои истифода аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд;
- стандартҳои байналмилалии аудит - стандартҳое, ки Федератсияи байналмилалии муҳосибон ба нашр расонида, мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода тасдиқ кардааст;
- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ - ҳуҷҷате, ки аз тарафи Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ дода шуда, тахассуси касбии аудиторро тасдиқ менамояд;
- аккредитатсия - ваколатҳои эътирофшудаи ташкилоти касбии аудиторон, ки бо шаҳодатнома дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд;
- Кодекси одоби касбии аудиторон - маҷмӯи қоидаҳои одоби фаъолияти касбии аудиторон, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, риояи онҳо барои аудиторон, аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторон ҳатмӣ мебошад;
- сирри аудиторӣ - маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки  аз ҷониби аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ зимни фаъолияти аудиторӣ ба даст омадаанд ва онҳо ҳуқуқ надоранд онро ба шахси сеюм диҳанд ё бе розигии хаттии субъекти санҷидашаванда фош кунанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- субъектҳои дорои манфиати умум - ташкилотҳои дорои аҳамияти  ҷамъиятӣ, ки меъёрҳои муайянкунандаи аҳамияти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- субъекти санҷидашаванда - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, филиал  ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, ки мавриди аудит қарор мегиранд;
- фармоишгари аудит - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродиро барои гузаронидани аудит тибқи шартнома ҷалб менамояд;
- ҳисоботи молиявӣ - маҷмӯи маълумоте, ки ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳоро дар асоси нишондодҳои баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ дар бар мегирад;
- хулосаи аудиторӣ - ҳуҷҷати хаттии расмие, ки мутобиқи стандартҳои аудит тартиб дода ва пешниҳод шуда, ақидаи мустақили аудитори инфиродӣ ё ин ки ташкилоти аудиториро оид ба натиҷаҳои аудити гузаронидашуда дар бар мегирад;
- хулосаи носаҳеҳи аудиторӣ - хулосаи аудиторие, ки дорои маълумоти носаҳеҳ ва ё нопурра оид ба ҳисоботи молиявӣ ва иттилооти пешбининамудаи стандартҳои аудит буда, истифодабарандагонро ба иштибоҳ меандозад;
- бархӯрди манфиатҳо - ҳолате, ки аудиторон, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ зимни фаъолияти аудиторӣ зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қарор гирифта, хулосаҳои носаҳеҳи аудитории молиявӣ медиҳанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти  аудиторӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, филиалу намояндагии онҳо, аз он ҷумла филиалҳо ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, татбиқ мегардад.
2. Қонуни мазкур нисбат ба санҷиши аудитории муассисаҳои буҷетӣ татбиқ намегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти аудиторӣ
Фаъолияти аудиторӣ ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
- қонуният;
- мустақилият;
- беғаразӣ;
- салоҳияти касбӣ;
- махфият;
- поквиҷдонӣ;
- воқеият;
- риояи стандартҳои аудит.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
Моддаи 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул мекунад, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд;
-  стандартҳои аудитро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро назорат менамояд;
- риоя шудани стандартҳои аудитро аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ назорат мекунад;
 - шакл, ҳаҷм ва тартиби ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани ҳисоботҳоро барои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ муайян мекунад;
 - қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро таҳия ва тасдиқ менамояд;
-  аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро мегузаронад;
- пешбурди Феҳристи давлатии бақайдгирии аудиторонеро, ки соҳиби Шаҳодатномаи  тахассусии аудиторӣ ва иҷозатнома мебошанд, анҷом медиҳад;
- Феҳристи аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро пеш мебарад;
- нашри феҳристҳоро  дар сомонаи расмии худ таъмин менамояд;
- тартиби пешбурди Феҳристи бақайдгирии давлатии аудиторон ва аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро тасдиқ  менамояд;
- қоидаҳои санҷиши ташкилотҳои касбии аудиторонро муайян менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти аудиторӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоти аудиторӣ, ташкилотҳои касбии аудиторон ва дигар ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд;
- Кодекси одоби касбии аудиторонро тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

БОБИ 3.ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
Моддаи 6. Фаъолияти аудиторӣ
1. Фаъолияти аудиторӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторие, ки дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти аудиториро доранд.
3. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ба замми фаъолияти аудиторӣ, хизматрасонии зеринро аз рӯи соҳаи фаъолияти худ анҷом дода метавонанд:
- таҳлил кардани ҳисоботи молиявӣ;
- иҷрои расмиёти мувофиқашуда;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти молиявӣ;
- ташкил, барқарор ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, маслиҳати муҳосибӣ;
- пешниҳоди хизматрасонии аудити дохилӣ;
- маслиҳатҳо марбут ба андоз, ташкил, барқарор ва пешбурди баҳисобгирии андозӣ, тартиб додани ҳисоббаробаркуниҳои андозӣ ва эъломияҳо;
- тартиб додани ҳисоботи омории ташкилотҳо;
- таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, банақшагирии сармоягузорӣ ва молиявӣ;
- таълими пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, андозбандӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва банақшагирии молиявӣ;
- автоматикунонии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, тавсияҳо оид ба автоматикунонии пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, таълими пешбурди автоматикунонидашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ;
- таҳия ва интишори тавсия ва маводи методӣ оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва гузаронидани аудит фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва банақшагирии молиявӣ, инчунин оид ба хизматрасонии вобаста ба соҳаи фаъолияти худ мутобиқи стандартҳои аудит;
- хизматрасонии ҳуқуқие, ки бо фаъолияти аудиторӣ алоқаманд аст.
4. Агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, иҷозатномаи дахлдор зарур бошад, ташкилоти аудиторӣ ва ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надоранд, ки бе чунин иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ ин хизматрасониро ба ҷо оваранд.
Моддаи 7. Стандартҳои аудит
1. Стандартҳои аудит ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалии аудит ҷудо мешаванд.
2. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ӯҳдадоранд, ки аудитро мутобиқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит ва Қонуни мазкур гузаронанд.
Моддаи 8. Намудҳои аудит
1. Аудити беруна ва дохилӣ намудҳои аудит ба ҳисоб мераванд.
2. Аудити беруна аудити ҳатмӣ ва ташаббусиро дар бар мегирад. Аудити ҳатмӣ аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ гузаронида мешавад.
3. Бо аудити ҳарсолаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд:
- субъектҳои дорои манфиати умум;
- дигар субъектҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Субъектҳои санҷидашаванда, ки бояд ба аудити ҳарсолаи ҳатмӣ фаро гирифта шаванд, ӯҳдадоранд бо ташкилоти аудиторӣ оид ба гузаронидани аудити ҳатмӣ шартнома ба имзо расонида, ба гузаронидани аудити саривақтӣ ва мукаммал мусоидат намоянд.
5. Аудити дохилӣ бо тартиби  муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидор амалӣ мегардад.
Моддаи 9. Ташкилоти аудиторӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ дар шакли ташкилию ҳуқуқии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳомӣ, таъсис дода мешавад.
2. Дар сармояи оинномавии ташкилоти аудиторӣ ҳиссаи аудитор (аудиторон) ва ё ташкилоти аудитори байналмилалӣ бояд сад фоиз бошад.
3. Ташкилоти аудитории байналмилалӣ фаъолияти аудиториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми аз тарафи он таъсис додани ташкилоти  аудитории дахлдор - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад амалӣ намояд, ба истиснои ташкилоти аудитории байналмилалие, ки дар асоси созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ аз тарафи ниҳодҳои молиявӣ тариқи озмун барои гузаронидани санҷиши аудитории татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷалб карда мешавад.
4. Ташкилоти аудиторие, ки фаъолияти аудиториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ба истиснои иштирок дар ассотсиатсия ё ин ки иттифоқи ташкилотҳои аудиторӣ наметавонад иштирокчии (соҳибмулки) дигар шахси ҳуқуқӣ - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
5. Шумораи аудиторони ташкилоти аудиторӣ бояд на камтар аз се нафар бошад.
6. Роҳбар ё идоракунандае, ки ваколатҳои мақоми иҷроияи ташкилоти аудиторӣ дар асоси шартнома ба ӯ вогузор карда шудаанд, бояд аудитор бошад.
7. Ташкилотҳои аудиторӣ дар фаъолияти худ мустақиланд. Дахолати мақоми ваколатдори давлатӣ, субъектҳои санҷидашаванда ва  шахсони сеюм ба фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ роҳ дода намешавад. Таъсиррасонӣ ба фаъолияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, инчунин ба кормандони онҳо бо мақсади монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши мустақилонаи аудиторӣ, дар кадом шакле, ки набошад, роҳ дода намешавад.
8. Ба ташкилотҳои аудиторӣ машғул шудан ба дигар намуди фаъолият, ба истиснои фаъолияти аудиторӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ, ки дар қисми 3 моддаи 6  Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, манъ аст.
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти аудиторӣ ва аудитори  инфиродӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори  инфиродӣ ҳуқуқ доранд:
- ҷиҳати баровардани қарор оид ба гузаронидани аудит бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии субъекти санҷидашаванда пешакӣ шинос шаванд;
- шакл ва усулҳои гузаронидани аудитро дар асоси стандартҳои аудит, инчунин шумора ва ҳайати шахсии гурӯҳи аудиторонеро, ки санҷиш мегузаронанд, мустақилона муайян намоянд;
-  ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидории зарурӣ ва дигар иттилоот оид ба фаъолияти субъекти санҷидашаванда, аз ҷумла ҳисоботҳо ва  ҳуҷҷатҳои аудиторони дохилӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва назоратиро дар ҳаҷми пурра талаб карда, санҷида бароянд, инчунин мавҷудияти воқеии молу мулк ва ӯҳдадориҳои субъекти санҷидашавандаро нишон диҳанд;
- аз шахсони масъули субъекти санҷидашаванда аз рӯи масъалаҳои дар рафти санҷиши аудиторӣ бамиёномада тавзеҳот ва маълумоти иловагии барои гузаронидани аудит заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ талаб намоянд;
- дар мувофиқа бо субъекти санҷидашаванда тасдиқи маълумоти дахлдорро оид ба фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории субъекти санҷидашаванда, ки барои гузаронидани аудит зарур мебошанд, аз шахсони сеюм гиранд;
 - дар мувофиқа бо субъекти санҷидашаванда мутахассисони гуногунсоҳаро, ки бо муассисони (иштирокчиён, соҳибмулкон) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсони барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул робитаи хешовандӣ ё манфиати молиявӣ надоранд, дар асоси шартнома барои иштирок дар гузаронидани аудит ҷалб намоянд;
- дар ҳолати аз тарафи субъекти санҷидашаванда риоя накардани талаботи шартномаи гузаронидани аудит, инчунин дар сурати аз тарафи субъекти санҷидашаванда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит заруранд ва (ё) ошкор гардидани ҳолатҳое, ки ба ақида оид ба саҳеҳияти ҳисоботи молиявии субъекти санҷидашаванда таъсири калон мерасонанд ё метавонанд таъсири калонтар расонанд, аз гузаронидани аудит ё  изҳори ақида ва додани хулосаи аудиторӣ даст кашанд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, амалӣ намоянд.
2.  Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ӯҳдадоранд:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ, Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудитро риоя намоянд;
- ба назорати берунаи сифати аудит ва санҷишҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ гузарондашаванда  монеъ нашаванд;
 - ба субъекти санҷидашаванда иттилоот оид ба камбудиҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти бо ҳисоботи молиявӣ алоқамандро пешниҳод намоянд;
- мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ  оид ба фаъолияти аудиторӣ ҳисобот пешниҳод намоянд;
- як нусхаи хулосаҳои аудитро оид ба натиҷаи аудити гузаронидашуда дар худ нигоҳ дошта, маҳфузияти онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин намоянд.
Моддаи 11. Аудитор
1. Аудитор фаъолияти худро аз рӯи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ё ба сифати аудитор дар ҳайати танҳо як ташкилоти аудиторӣ амалӣ менамояд.
2. Аудитор наметавонад иштирокчии (соҳибмулки) бевосита ё бавоситаи зиёда аз як ташкилоти аудиторӣ бошад.
3. Аудитор дар назди ташкилоти аудиторие, ки дар он фаъолият менамояд, барои зарарҳои расонидааш дар натиҷаи гузаронидани аудити бесифат, ифшои сирри тиҷоратӣ ва дигар амалҳое, ки боиси зарар дидани ташкилоти аудиторӣ гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 12.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудитор
1. Аудитор ҳуқуқ дорад:
- ҳуҷҷатҳои муҳосибии зарурӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидории субъекти санҷидашавандаро дастрас намуда, тафтиш намояд;
- аз шахсони мансабдори субъекти санҷидашаванда оид ба масъалаҳои дар рафти аудит пайдогардида дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ тавзеҳот гирад;
- нисбат ба қарори ғайриқонунии ташкилотҳои касбии аудиторон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
2. Аудитор ӯҳдадор аст:
  - қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ, Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудитро риоя намояд;
- узви ташкилоти касбии аудиторон бошад;
- курсҳои таълимиро аз рӯи барномаи такмили ихтисос бо тартиби муқаррагардида хатм намояд;
- сирри аудиториро ошкор насозад.
Моддаи 13. Ташкили аудити дохилӣ
1. Аудити дохилӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ташкил карда шуда, ба манфиати соҳибмулконаш амалӣ мегардад ва тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳои дохилии дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияшуда, стандартҳои эътирофшудаи аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторон  танзим карда  мешавад.
2. Объектҳои аудити дохилиро роҳбарияти субъектҳои хоҷагидор тибқи мақсадҳои худ ҷиҳати ташкил, банақшагирӣ, инчунин мониторинги фаъолияти субъекти хоҷагидор ва сохторҳои таркибии он муайян мекунад.
 3. Ба сохторҳои аудити дохилӣ аз ҷониби соҳибмулкони субъектҳои хоҷагидор аудиторҳои дохилӣ ва ё гурӯҳи аудиторҳои дохилӣ таъин карда мешаванд, ки ба ин гурӯҳ инчунин метавонанд тафтишотчиён ва комиссияҳои тафтишотӣ низ дохил карда шаванд.
4. Роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, хусусан субъектҳои дорои манфиати умум, вобаста ба ҳаҷми корҳои баҳисобгирӣ метавонанд:
 - хадамоти аудити дохилиро ҳамчун сохтори таркибӣ таъсис диҳанд;
- ба басти корӣ вазифаи аудитори дохилиро ворид намоянд ё дар асоси шартнома вазифаҳои аудити дохилиро ба аудитори инфиродӣ ва ё ташкилоти аудиторӣ вогузор намоянд.
5. Талаботе, ки ба роҳбарони сохтори аудити дохилӣ вогузор карда мешаванд:
- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дошта бошанд;
- доғи судӣ надошта бошанд.
6. Талаботе, ки нисбат ба кормандони сохтори аудити дохилӣ вогузор карда мешаванд:
- дорои таҳсилоти олӣ буда, собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ, назоратию тафтишотӣ ва ё соҳаи ҳуқуқӣ ё фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дошта бошанд;
- дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ буда, собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ, назоратию тафтишотӣ ва соҳаи ҳуқуқӣ, инчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дошта бошанд;
- надоштани доғи судӣ.
Моддаи 14. Вазифаҳои аудити дохилӣ
1. Вазифаҳои аудити дохилӣ вобаста ба талаботи сохти идоракунии субъект ва сохтори таркибии он, аз ҷониби роҳбарияти субъектҳои хоҷагидор муайян гардида, бе маҳдудияти зерин амалӣ гардад:
- назорати ҳолати дороӣ ва пешгирии зарар;
-  тасдиқи иҷрои маҷмӯи расмиёти назорати дохилисоҳавӣ;
- таҳлили фаъолияти самарабахши низоми назорати дохилӣ ва таҳрири иттилоот.
2. Ба вазифаҳои аудити дохилӣ шомил мебошанд:
- санҷиши низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорати дохилӣ,  мониторинги онҳо ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба беҳдошти кори ин низом;
- санҷиши иттилооти муҳосибӣ, фаврӣ ва дар ҳамин асос таҳия кардани ҳисобот, инчунин омӯзиши махсуси моддаҳои алоҳидаи ҳисоботдиҳӣ, аз он ҷумла амиқ санҷидани амалиёти муҳосибӣ ва бақияҳои ҳисоби муҳосибӣ;
- санҷиши татбиқу риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин талаботи сиёсати баҳисобгирӣ, низомномаҳо, қарорҳо ва дастурҳои роҳбарият ва соҳибмулкон;
-  тафтишоти махсуси ҳолатҳои алоҳида;
- таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба бартараф сохтани камбудиҳои ошкоршуда ва додани тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ.
Моддаи 15. Ташкилоти касбии аудиторон
1. Ташкилоти касбии аудиторон ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар асоси оинномае, ки дар маҷлиси умумии аъзояш қабул гардидааст, фаъолият менамояд.
2. Сохтори ташкилоти касбии аудиторон бо оинномаи он муайян карда мешавад.
3. Қоидаҳои гузаронидани аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
4. Шаҳодатнома оид ба аккредитатсия дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.
5. Аудиторон метавонанд танҳо аъзои як ташкилоти касбии аудиторон бошанд.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти касбии аудиторон
1. Ташкилоти касбии аудиторон ҳуқуқ дорад:
- аз рӯи созишнома бо ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ назорати берунаи сифати хизматрасонии ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро амалӣ намояд;
- таҷрибаи амалии аудиторон ва ташкилотҳои аудиториро таҳлил, ҷамъбаст ва интишор намояд;
 - манфиати аудиторон ва ташкилотҳои аудиториро дар ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хориҷӣ ва байналмилалӣ ҳимоя намояд;
- вобаста ба фаъолияти аудиторӣ баҳсҳои ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторонеро, ки аъзои онҳо мебошанд, баррасӣ намояд;
- таҳқиқи дараҷаи эътимоднокӣ ва бартарияти (рейтинги) ташкилотҳои аудиториро гузаронад ва дар нашрияҳои даврӣ натиҷаҳои онро интишор намояд;
- дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит иштирок намояд;
- аз рӯи стандартҳои аудит ва дигар масъалаҳои фаъолияти аудиторӣ тавсияҳо пешниҳод намояд;
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба ҷо оварад.
2. Ташкилоти касбии аудиторон  ӯҳдадор аст:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи фаъолияти аудиторӣ риоя намояд;
- аъзои худро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ таъмин намояд;
- ба рушди аудит, зиёд кардани самараи он, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти аудиторон ва ташкилотҳои аудиторӣ мусоидат намояд;
- оид ба такмили ихтисоси аудиторон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ курсҳо ташкил намуда, дар бораи хатми онҳо сертификат диҳад;
 - ба риоя кардани талаботи Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудит аз ҷониби аудиторон ва ташкилотҳои аудиторӣ ёрӣ расонад;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фармоишгари аудит
1. Фармоишгари аудит ҳуқуқ дорад:
- ташкилоти аудиторӣ ё  аудитори инфиродиро, бо назардошти талаботи Қонуни мазкур мустақилона интихоб намояд;
- тамоюл ва ҳаҷми санҷиши аудиториро ҳангоми санҷиши аудити ташаббусӣ муайян намояд;
- аз ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ маълумоти заруриро оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки эродҳои аудитор ба онҳо асос ёфтаанд, талаб намояд;
- хулосаи аудиториро дастрас намояд;
- аз хизматрасонии ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар ҳолати аз тарафи онҳо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартнома даст кашанд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки дар шартномаҳои хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузорӣ мухолиф намебошанд, амалӣ намояд.
2. Фармоишгари аудит ӯҳдадор аст:
- барои гузаронидани аудити ҳатмӣ мутобиқи Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида, онро сари вақт гузаронад;
- ба ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ барои гузаронидани аудити саривақтӣ ва босифат дар мӯҳлати муайяннамудаи шартнома оид ба гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварад;
- подоши хизматрасонии аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиториро мутобиқи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ, аз ҷумла дар ҳолати мувофиқ набудани натиҷаи хулосаи аудиторӣ аз нуқтаи назари субъекти санҷидашаванда ва инчунин дар ҳолати бо сабабҳои ба онҳо новобаста  нопурра иҷро намудани хизматрасонии аудиторӣ аз тарафи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудитори инфиродӣ сари вақт пардохт намояд.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъекти санҷидашаванда
1. Субъекти санҷидашаванда ҳуқуқ дорад:
- аз ташкилоти аудиторӣ ё аудитори  инфиродӣ маълумоти заруриро оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гузаронидани аудит дахл доранд, дастрас намояд;
- бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хулоса ва эродҳои ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ба онҳо асос ёфтааст, шинос шавад;
- аз ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ маълумотро оид ба камбудиҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти бо ҳисоботи молиявӣ алоқаманд дастрас намояд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки аз шартномаи хизматрасонии аудиторӣ бармеоянд, амалӣ намояд.
2. Субъекти санҷидашаванда ӯҳдадор аст:
 - ба ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ барои сари вақт ва пурра гузаронидани аудит ёрӣ расонида, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани аудит пешниҳод намояд, инчунин аз шахсони сеюм маълумоти заруриро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ талаб карда гирад;
- бо мақсади маҳдуд накардани доираи масъалаҳое, ки ба гузаронидани аудит вобастаанд, ба фаъолияти ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дахолат нанамояд, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;
- бо мақсади саркашӣ ё мамониат кардан барои гузаронидани аудит ба ягон амал (беамалӣ) роҳ надиҳад;
- дигар ӯҳдадориҳоро, ки аз шартномаи хизматрасонии аудиторӣ бармеоянд, иҷро намояд.
Моддаи 19. Иҷозатномадиҳӣ  барои фаъолияти аудиторӣ
Иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.
Моддаи 20. Аттестатсияи фаъолияти аудиторӣ
Тартиби гузаронидани аттестатсияи фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 21. Асос ва тартиби бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ
 1.Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад, агар:
- аудитор Шаҳодатномаи  тахассусиро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифта бошад;
- ҳукми суд оид ба пешбинӣ намудани ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;
- талаботи моддаҳои 25 ва 27 Қонуни мазкур риоя нашуда бошанд;
- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит аз тарафи аудитор мунтазам риоя нашуда бошанд;
- муқаррар шуда бошад, ки хулосаи аудиторӣ бе гузаронидани санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудитор имзо шудааст;
 - дар мӯҳлати ду соли тақвимӣ паи ҳам аудитор бо фаъолияти аудиторӣ машғул нашуда бошад.
2. Қарор оид ба бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ қарори асоснок мебарорад.
3. Шахсе, ки Шаҳодатномаи тахассусии аудиториаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз рӯи қарори қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дар давоми се моҳ ба суд шикоят намояд.
4. Шахсе, ки Шаҳодатномаи тахассусии ӯ дар асоси сархатҳои якум, сеюм ва панҷуми қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки такроран дар бораи гирифтани шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар давоми ду соли қабул карда шудани қарор дар хусуси бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ бо ариза муроҷиат намояд.
5. Шахсе, ки Шаҳодатномаи тахассусии ӯ дар асоси сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи гирифтани шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ такроран бо ариза муроҷиат намояд.
Моддаи 22. Шартнома дар бораи гузаронидани аудит
1. Муносибатҳои байни ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, фармоишгарони аудит ва субъектҳои санҷидашаванда дар асоси шартнома оид ба гузаронидани аудит, ки дар шакли хаттӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида мешавад, ба роҳ монда мешаванд.
2. Дар шартнома оид ба гузаронидани аудит мақсади шартнома, мӯҳлат, ҳаҷм ва шартҳои пардохт, стандартҳои аудит, ки тибқи онҳо аудит гузаронида мешавад, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарии  тарафҳо, махфияти  маълумоти бадастомада, иттилоот дар бораи иҷозатномаи ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ва дигар шартҳои мувофиқакардашудаи тарафҳо пешбинӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Хусусиятҳои гузаронидани аудити субъектҳои манфиати  умум
1. Аудити субъектҳои дорои манфиати умум мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ва талаботи Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
2. Аудити субъектҳои дорои манфиати умумро ташкилотҳои аудиторӣ мегузаронанд.
Моддаи 24. Хулосаи аудиторӣ
1. Хулосаи аудиторӣ аз рӯи натиҷаи аудити гузаронидашуда тартиб дода мешавад. Ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ аз рӯи натиҷаи аудити гузаронидашуда метавонад, ки мутобиқи стандартҳои аудит аз изҳори ақида ва додани хулосаи аудиторӣ даст кашад.
2. Шакл ва мундариҷаи хулосаи аудиторӣ бояд ба талаботи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит мутобиқ бошанд.
3. Дар хулосаи аудиторӣ рақам ва санаи гирифтани иҷозатномаи ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ нишон дода мешавад. Хулосаи аудиторӣ аз тарафи аудитор - иҷрокунанда бо нишон додани рақам ва санаи гирифтани Шаҳодатномаи тахассусии  аудиторӣ ба имзо расонида, бо мӯҳри ташкилоти аудиторӣ ва ё аудитори инфиродӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ танҳо ба фармоишгари аудит ва шахсоне, ки дар шартномаи гузаронидани аудит чун фармоишгари аудит зикр карда шудаанд, хулосаи аудиторӣ пешниҳод менамояд.
5. Хулосаи аудитории ташкилоти аудиторӣ ё аудитори  инфиродӣ, ки дар санаи додани хулосаи аудиторӣ дорои иҷозатномаи дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ намебошанд, беэътибор дониста мешавад.
6. Дар ҳолати номутобиқатии хулосаи аудиторӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумоти воқеӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 5 моддаи мазкур оварда шудаанд, чунин хулоса метавонад бо қарори суд беэътибор дониста шавад.
Моддаи 25. Сирри аудиторӣ
1. Маълумот ва ҳуҷҷатҳои дастраскарда ва (ё) тартибдодаи ташкилоти аудиторӣ ва кормандони он ё аудитори инфиродӣ ҳангоми гузаронидани аудит сирри аудиторӣ маҳсуб меёбанд, ба истиснои:
- маълумоти ифшонамудаи худи  субъекти санҷидашаванда ё фармоишгари аудит, ки ба ӯ дар Қонуни мазкур пешбинигардида ё бо розигии худи ӯ расонида шудааст;
- маълумоти субъекти санҷидашаванда оид ба имзо расонидани шартнома дар бораи гузаронидани аудити ҳатмӣ;
- маълумот оид ба андозаи пардохти хизматрасонии аудиторӣ.
2. Ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, аудиторҳо ва шахсони ба гузаронидани аудит ҷалбкардаи онҳо ӯҳдадоранд, ки  махфияти сирри аудиториро  риоя намоянд.
3. Ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, аудиторҳо ва шахсони ба гузаронидани аудит ҷалбкардаи онҳо ӯҳдадоранд, ки маълумот ва ҳуҷатҳои гирифтаашон ва (ё) тартибдодаашонро зимни фаъолияти аудиторӣ ҳифз намоянд ва ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани  маълумот ва ҳуҷҷатҳои зикршуда ё бе розигии хаттии фармоишгари аудит фош кардани  онҳоро надоранд.
4. Ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ қарордоштаи дорои маълумот оид ба амалиёти субъекти санҷидашаванда, ки бо ӯ  шартномаи хизматрасонии аудиторӣ ба имзо расонида шудааст, танҳо бо қарори суд ба шахси  бо ҳамин қарор ваколатдоршуда  пешниҳод карда мешаванд.
5. Намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин намояндагони ташкилоти касбии аудиторон  ҳангоми назорати сифати хизматрасонии аудиторӣ ҳуқуқи дастрас кардани маълумоти дорои  сирри аудитро доранд. Дар ин сурат шахсоне, ки мутобиқи қонунгузорӣ ба маълумоти дорои сирри аудиторӣ дастрасӣ пайдо менамоянд, ӯҳдадоранд, ки махфияти чунин маълумотро риоя кунанд.
6. Ҳангоми маълумоти дорои сирри аудиториро фош кардани ташкилоти аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, аудитор, мақомоти ваколатдори давлатие, ки фаъолияти аудиториро танзим мекунанд ва (ё) дигар шахсоне, ки ба ин маълумот дастрасӣ доранд, субъекти санҷидашаванда, инчунин ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз шахси гунаҳкор ҷуброни зарари  расонидашударо талаб намоянд.
Моддаи 26. Назорати сифати аудит ва намудҳои он
1. Ташкилоти аудиторӣ ӯҳдадор аст расмиёти сифати аудитро мутобиқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит ва Кодекси одоби касбии аудиторон  таҳия ва назорат намояд.
2. Назорати дохилӣ ва берунаи сифати аудит намудҳои назорати сифати аудит ба ҳисоб мераванд.
3. Назорати дохилии сифати аудитро ташкилоти аудиторӣ тибқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит мустақилона анҷом медиҳад.
4. Назорати берунаи сифати аудити ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторон анҷом дода мешавад.
5. Мавзӯи назорати берунаи сифати аудит, риоя намудани талаботи Қонуни мазкур, стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит ва Кодекси одоби касбии аудиторон аз тарафи ташкилоти аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ ба ҳисоб меравад.
6. Қоидаҳои гузаронидани назорати берунаи сифати аудит аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 27. Маҳдудияти ҳуқуқи гузаронидани аудит
1. Аудит дар мавридҳои зерин ва аз ҷониби инҳо гузаронида  намешавад:
- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва кормандони ташкилоти аудиторие, ки муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд;
- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва кормандони ташкилоти аудиторие, ки бо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд, робитаи хешовандӣ доранд;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторие, ки роҳбарони онҳо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсоне, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, ки роҳбарони онҳо бо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд, робитаи хешовандӣ доранд; 
- агар аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар назди субъекти санҷидашаванда ё ин ки аз ҷониби субъекти санҷидашаванда дар назди онҳо, ба истиснои ӯҳдадориҳо оид ба гузаронидани аудит, ӯҳдадориҳои молиявӣ мавҷуд бошад;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ нисбати субектҳои санҷидашавандае, ки дар давоми ду соли охир бевосита пеш аз давраи гузаронидани аудитро дар бар мегиранд, хизматрасонии вобаста ба соҳаи фаъолияти худ, ки  дар сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва дувоздаҳуми қисми 3 моддаи 6 Қонуни мазкур зикр шудааст, пешниҳод карда шудааст;
- ҳолатҳои дигаре, ки бо  стандартҳои аудит муайян гардидаанд.
2. Тартиб, андоза ва шакли пардохт барои гузаронидани аудит (аз он ҷумла аудити ҳатмӣ) ва хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ мувофиқи шартномаҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба иҷрои ин ё он талаби субъектҳои санҷидашаванда ё фармоишгарони аудит оид ба мазмуни натиҷаҳое вобаста бошад, ки дар натиҷаи аудит ё ин ки дигар хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ бароварда мешаванд.
3. Ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надорад, ки як субъекти санҷидашавандаро паи ҳам зиёда аз се давраи ҳисоботи солона мавриди аудит қарор диҳад.
4. Ҳангоми ба миён омадани шартҳое, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надорад аудити ду давраи солонаи ҳисоботии минбаъдаи субъекти санҷидашавандаи мазкурро низ гузаронад.
 5. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надоранд ба амалҳое даст зананд, ки боиси пайдо гардидани бархӯрди манфиатҳо ё хатари ба миён омадани чунин ихтилофҳо мегарданд. Дар сурати пайдо шудани ин ҳолатҳо, инчунин чораҳои пешгирӣ намудани онҳо бо Кодекси одоби касбии аудиторон муқаррар мешавад.
Моддаи 28. Суғуртаи фаъолияти аудиторӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ вазифадоранд доир ба ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарари молумулкӣ зимни фаъолияти аудиторӣ ба миён меоянд, шартномаи суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқиро ба имзо расонанд.
2. Суғуртаи ҷавобгарии ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Муқаррароти хотимавӣ
1. Ташкилотҳои аудитории таъсисёфта то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар қисми мухолифат доштан ба шакли ташкилию ҳуқуқии он бояд дар мӯҳлати се моҳ бо шакли ташкилию ҳуқуқии пешбинишуда  аз нав таъсис дода шаванд. 
2. Ташкилотҳои аудиторӣ дар давоми се моҳи баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур бояд ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ҳайати кормандони фаъолияткунандаи ташкилоти аудиториро ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мутобиқ намоянд. Дар сурати риоя накардани талаботи моддаи мазкур мӯҳлати амали иҷозатномаи   ташкилоти аудиторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 160) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 993


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" аз 15 феврали  соли 2006, № 271 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, № 2, мод.82) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 5 июни соли 2013,  № 1213

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 526 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 5060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед