қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод. 308; с.2005, №12, мод. 637; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №908) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми дуюми моддаи 16 баъд аз калимаи "шартҳо" калимаҳои ", мӯҳлат, додани нусхаҳо" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 21:
- дар қисми якум калимаҳои "бонкҳои тиҷоратӣ, ё ташкилоти ғайрибонкии қарзию молиявӣ яке аз" ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "ҳисоботи" ба калимаи "ҳисоббаробаркуниҳои" иваз карда шавад.
3. Дар номи моддаи 23 калимаи "ҳисобҳои" ба калимаи "ҳисоббаробаркунии" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 995
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2013, № 1088
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 528
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.13 №: 100-105 Мутолиа карданд: 3930