logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТИ БИОЛОГӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагидории биологиро муқаррар намуда, ба истеҳсол, коркард,  нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологӣ равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- хоҷагидории биологӣ - тартиби муттаҳид сохтан ва инкишоф додани  соҳаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию ҷамъиятии онҳо буда, низоми танзимёфтаи меъёрҳои кишоварзӣ, банақшагирӣ, идоракунии хоҷагӣ ва ҳамчунин усулҳои истеҳсолотро дар бар гирифта, ба нигоҳдории тавозуни табиӣ, организмҳои зинда ва муҳити зист мусоидат менамояд;
- маҳсулоти биологӣ - маҳсулоти таъиноти кишоварзӣ,  ки дар бозор ба намоиш гузошта ё ба фурӯш бароварда мешавад, инчунин маҳсулоте, ки истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯшаш ба меъёрҳои истеҳсолоти биологӣ мутобиқат дошта, дар рӯи борҷомааш нишону аломати мувофиқат  ва  навиштаҷоти дахлдор сабт карда шудааст;
- истеҳсолоти биологӣ - ҳосил кардан, нигоҳ доштан, коркарди маҳсулоти озуқавии кишоварзӣ бо риояи сертификатсияи маҳсулоти биологӣ бе татбиқи моддаҳои сунъии кимиёвӣ мутобиқи талаботи меъёрҳои истеҳсолоти биологӣ, ки бо Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
- регламентҳои техникӣ ва стандартҳои  истеҳсолоти биологӣ - низоми назариявии истеҳсолоти биологӣ (органикӣ, экологӣ), ки ба истеҳсоли самарабахшу бехатарии биологии озуқаворӣ ва ашёи хом равона гардида, тавассути он низоми истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти биологӣ тибқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва қоидаҳои муқарраргардида идора карда мешавад; 
- усулҳои хоҷагидории биологӣ - усулҳои истеҳсолот, ки дар истеҳсоли маҳсулоти биологӣ истифодаи маводи сунъӣ ва организмҳои генашон тағйирёфтаро истисно менамоянд ва онҳо пурра ба регламентҳои техникӣ ва стандартҳои  истеҳсолоти биологӣ мутобиқат мекунанд;
- низоми экологӣ - тамоми организмҳои зиндае, ки дар мавзеи муайян сокин мешаванд ва муҳити табиии ин мавзеъ;
- бозрасӣ - санҷиши маҳсулоти озуқавии биологӣ ё низоми муқарраргардидаи назорати маҳсулот, ашёи хоми коркардшуда ва расонидашаванда, маҳсулот дар ҷараёни коркард ва баъд аз тайёр шудан, санҷиши мутобиқати маҳсулот ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои истеҳсолоти биологӣ;
- тамғаи миллии маҳсулоти биологӣ - навиштаҷоте, ки дар шакли чопӣ ё графикӣ дар рӯи борҷомаи маҳсулоти биологӣ тасвир ёфта, бо мақсади нишон додани ҷойи истеҳсол ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида ҷавобгӯй будани маҳсулоти биологӣ гузошта мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи  хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои  Қонуни мазкур
Вазифаҳои асосии Қонуни мазкур  аз инҳо иборатанд:
- муайян намудани принсипҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;
- тибқи талаботи истеҳсолоти биологӣ муқаррар намудани қоидаҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологӣ;
- муайян намудани татбиқи усулҳои биологии беҳтаргардонии сифати маҳсулоти биологӣ;
- истифодаи усулҳои биологӣ барои ба даст овардани маҳсулоти сифатан ҷавобгӯи биологӣ;
- рушди бозори маҳсулоти биологӣ;
- татбиқи низоми истифодаи оқилонаи маҳсулоти биологӣ ва захираҳои табиӣ;
- пешгирии истифодаи ҳар гуна технологияи олудакунанда, моддаҳои сунъии кимиёвӣ дар истеҳсолоти биологӣ;
- ҳифз кардан ва афзун намудани гуногунии намудҳои растаниҳои худрӯй бо роҳи созгории истеҳсолоти биологӣ;
- пешгирии муҳити зист аз олудашавӣ ва риоя кардани  мувозинати низоми экологӣ дар рафти истеҳсолоти биологӣ;
- мусоидат кардан ба рушди устувори истеҳсолоти биологӣ, ҳифзи гуногунии генетикии низоми экологӣ бо мақсади нигоҳдории шароити рушди маҳсулоти биологӣ;
 - муҳайё кардани шароити мусоид барои инкишофи истеҳсолоти биологӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ
Принсипҳои асосии амалӣ намудани хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ:
- риоя кардани мувозинати экологии табиат ва барқарор намудани захираҳои он;
- татбиқи усулҳои самарабахши истифодаи захираҳои табиии барқарорнашаванда;
- татбиқи механизми истифодаи самараноки  замин;
- истифодаи навъҳои тухмии серҳосили ба маҳал мувофиқ;
- муборизаи комплексӣ ба муқобили ҳашароти зараррасон, касалӣ ва алафи бегона;
- истифодаи оқилонаи захираҳои об.
Моддаи 5. Танзими раванди истеҳсолоти биологӣ
1. Субъектҳои хоҷагидор сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсолоти биологӣ ҳуқуқи фаъолият карданро доранд, ӯҳдадоранд бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияти пешгирифта дар мақомоти ваколатдори давлатӣ расмиёти аз қайд гузаштани маҳсулоти биологии истеҳсолшударо риоя намоянд.
2. Фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти биологӣ дар асоси маълумотҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- ном ва суроғаи субъекти хоҷагидор;
- маҳалли воқеъгардидаи қитъаҳо ва биноҳое, ки амалиёти истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад;
- хусусияти амалиёти истеҳсолӣ ва хосияти маҳсулоти биологӣ;
- риоя кардани ӯҳдадориҳое, ки аз муқаррароти Қонуни мазкур бармеоянд;
- номи мақоми бозрасӣ ва сертификатсияи маҳсулоти биологӣ.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТИ БИОЛОГӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ мансубанд:
- муайян кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;
- қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;
- мутобиқ намудан ба меъёргирии давлатии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ инҳоянд:
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намудани онҳо;
- таҳияи қоидаҳои махсуси борҷома ва тамғагузории маҳсулоти биологӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 3. СЕРТИФИКАТСИЯ ВА ШАРТҲОИ
ИСТЕҲСОЛОТИ МАҲСУЛОТИ БИОЛОГӢ
Моддаи 8. Сертификатсияи маҳсулоти биологӣ
Сертификатсияи маҳсулоти биологӣ дар асоси регламентҳои техникӣ ва стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 9. Шартҳои истеҳсолоти маҳсулоти биологӣ
1. Шахси дар истеҳсолоти биологӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ӯҳдадор аст, шартҳои  истеҳсолоти маҳсулоти биологиро, ки бо регламентҳои техникӣ ва стандартҳои дахлдор муқаррар карда шудаанд, риоя намояд.
2. Дар истеҳсолоти биологӣ бояд талаботи зерин риоя карда шаванд:
- татбиқи принсипҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;
- истифода накардани нуриву моддаҳо ва воситаҳо барои беҳ намудани таркиби хок, пестисиду гербисидҳои пасмондаи дарав,  ангезандаҳои сунъии нумӯъ, эмулгатерҳо, ки регламентҳои техникӣ ва стандартҳои  муқарраргардида манъ кардаанд;
- истифодаи тухмӣ ва ё ниҳолу кӯчате, ки бо усулҳои истеҳсолоти биологӣ сабзонида ва парвариш карда шудааст;
- истифода накардани организмҳои генашон тағйирёфта ва ҳосилаи онҳо, ба истиснои воситаҳое, ки дар байторӣ истифода мешаванд;
- риояи стандартҳои муқарраргардида оид ба афзоиши саршумори чорво, тӯлгирӣ ва ғизои чорво;
- истифодаи усулҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ бо мақсади пешгирии бемории чорво, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин усулҳо дар муолиҷаи чорво натиҷае намедиҳанд.
Моддаи 10. Шартҳои истифодабарии растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ
1. Растаниҳои худрӯй ва меваҳои онҳо, инчунин дигар растаниҳои киштнашуда бояд тавре ҷамъоварӣ карда шаванд, ки дар натиҷа ба низоми экологӣ зарар нарасад.
2. Дар ҳудуди чарогоҳҳо бояд қитъаҳое интихоб карда шаванд, ки растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо бо моддаҳои кимиёвӣ коркард нашуда бошанд.

БОБИ 4. ҚОИДАҲОИ ИСТЕҲСОЛ, КОРКАРД, НИГОҲДОРӢ, ҲАМЛУ НАҚЛ, БОРҶОМА, ТАМҒАГУЗОРӢ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ БИОЛОГӢ
Моддаи 11. Қоидаҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологӣ
1. Маҳсулоти биологӣ бояд аз дигар намуди маҳсулот ҷудо коркард карда шавад. Агар маҳсулоти биологӣ аз дигар маҳсулотҳо ҷудо гузошта ва мувофиқан тамғагузорӣ нашуда бошад, дар якҷоягӣ нигоҳ доштан, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо манъ аст.
2. Барои пешгирии олудашавии муҳити зист ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти биологӣ бояд меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии санитарию гигиенӣ, регламентҳои техникӣ ва  стандартҳои маҳсулоти биологӣ қатъӣ риоя карда шаванд.
3. Дар хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ бояд шартҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологӣ, ки бо шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, талаботи  регламентҳои техникӣ  ва стандартҳои истеҳсолоти биологӣ қатъӣ риоя карда шаванд.
4. Дар истеҳсолоти биологӣ ҳамчун борҷома бояд мавод, контейнер ё зарфҳои сертификатсияшуда истифода шаванд, ки истеҳсоли технологияҳои муосир бошанд.
5. Маводи борҷома, контейнер ё зарфҳое, ки дар истеҳсолоти биологӣ истифода мешаванд, бояд ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии  санитарию гигиенӣ мутобиқат кунанд.
Моддаи 12. Воридот ва содироти маҳсулоти биологӣ
1. Қоидаҳои воридот ва содироти маҳсулоти биологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
2. Маҳсулоти биологии воридотӣ бояд дорои сертификате бошад, ки онро мақоми ваколатдори мамлакати воридкунанда оид ба сертификатсия ба чунин маҳсулот додааст.
Моддаи 13. Қоидаҳои тамғагузорӣ намудани  маҳсулоти биологӣ
1. Маҳсулоти биологӣ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ карда мешавад.
2. Тамғаи борҷома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳсулоти биологӣ бояд дорои чунин маълумот бошанд:
- ном ва суроғаи истеҳсолкунанда ё корхонаи коркард;
- номи маҳсулот бо зикри усули татбиқшудаи истеҳсолоти биологӣ;
- ном ва рамзи мақоми ваколатдор оид ба бозрасӣ ва сертификатсия;
- шартҳои нигоҳ доштан;
- мӯҳлати коршоямӣ;
- ишора дар бораи тартиби нигоҳ доштани чунин маҳсулоти биологӣ бо дигар маҳсулот.
3. Дар рӯи борҷома бояд тамғаи миллии маҳсулоти биологӣ, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр  ва ба қайд гирифта шуда, мавриди истифода  қарор дорад сабт шуда бошад ва дар бораи ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида ҷавобгӯй будани маҳсулоти мазкур ишора карда шавад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 14.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  
Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1001


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 майи соли 2013, № 1171

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 534


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 4120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед