мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
26 июл, дар нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин телефонӣ гуфугӯ кард.
Сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, перомуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар намуданд.
Владимир Путин пешниҳод намуд, ки барои баррасии муфассалтари мавзӯоти зикргардида сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав 1 августи соли ҷорӣ сурат гирад. Ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.13 №: 108 Мутолиа карданд: 2439