logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 408; с. 1998, №10, мод. 76; с. 1999, №6, мод. 166; с. 2000, №11, мод. 521; с. 2001, №7 мод. 481; с. 2004, №2, мод. 39; с. 2006, №4, мод. 197) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.  
2. Бобҳои Қонун бо ҳарфҳои калон ва рақамҳои арабӣ ифода карда шуда, пас аз рақами бобҳо аломати нуқта гузошта шавад.
3. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";
- дар матни модда калимаи "истилоҳоти" ба калимаҳои "мафҳумҳои асосии" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои дуюм, сеюм, панҷум ва ҳаштум калимаҳои "паҳн" ва "паҳнкунии" мувофиқан ба калимаҳои "пахш" ва "пахшкунии" иваз карда шаванд.
4. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
 5. Дар матни моддаи 51, матни моддаи 13, қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 27 ва қисми якуми моддаи 34 калимаҳои "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро" мувофиқан ба калимаҳои "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида" ба калимаҳои "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар матни моддаи 10 ва сархати якуми қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "тибқи Қонуни мазкур" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
9. Номи БОБИ 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ".
10. Моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1014

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2013, № 1163

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 547


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.13    №: 108    Мутолиа карданд: 3985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед