мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт
30 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Аз сатҳ ва муҳтавои равобит ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар дар ин бахшҳо, аз ҷумла доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Генерал Ллойд Остин III нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кард.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла неруҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои оянда таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.08.13 №: 109 Мутолиа карданд: 2384