logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯи судманд бо Ҳасани Рӯҳонӣ

4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз чанд лаҳзаи ба шаҳри Теҳрон расидан бо Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд.
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Эрон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.
Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯ сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти пурсамар дорад ва раванди воридшавии сармояи мустақими эронӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо рӯ ба густариш аст.
Ҳавасмандии устувор ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшиданӣ, нафт ва хати интиқоли неруи барқ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, ҳамгироӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳасани Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.13    №: 110    Мутолиа карданд: 2470
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед