мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
1 август дар шаҳри Маскав мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ- техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамчунин ба соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг зоҳир карда шуд.
Владимир Путин бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки "Русия шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ҳаҷми умумии ҳамкории тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон 21 фоизаш саҳми Русия аст". Ӯ ҳамчунин афзуд, ки "ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад".
Владимир Путин ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки "наздик ба 5 ҳазор донишҷӯи тоҷик ҳоло дар Русия таҳсил мекунад ва танҳо соли гузашта беш аз 500 нафар аз ҳисоби буҷети Русия ба мактабҳои олӣ қабул карда шуд".
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои даъват ба Маскав арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин мулоқот доир ба масоили гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳоҷирати корӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ тавофуқоти зарурӣ ҳосил мегарданд.
Гуфтугӯи судманд доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи босамари санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт. Тавре зикр гардид, дар ояндаи наздик ин масоил бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд.
Баррасии дурнамои авзои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014, яъне пас аз ихроҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои анъанавии ҳамшарикии стратегӣ таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.13 №: 110 Мутолиа карданд: 2411