барқияҳо
15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Бароям мояи сарфарозист, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ифтихори фаро расидани Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.
Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши тоза пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои дӯстию бародарии байни мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.
Тоҷикистон Ҳиндустонро шарики дерина ва муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва омодаи ҳамкориҳои густурдатар ва амиқтар дар ҳамаи заминаҳост.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.13 №: 112 Мутолиа карданд: 3589