барқияҳо
15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Хонуми Олиҷоҳ,
Сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.
Имрӯз равобити ҳасана ва мутақобилан судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар марҳалаи рушди худ қарор доранд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехоҳам таъкид намоям, ки ҷониби Тоҷикистон дар маҷмӯъ нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид бо Ҷумҳурии Корея аз диди нек мавзеъгирӣ менамояд ва хоҳони густариши онҳо мебошад.
Бо камоли масаррат ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти кориатон дастовардҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.13 №: 112 Мутолиа карданд: 3541