мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Юрий Попов
15 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия Юрий Поповро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Русия табодули назар карда шуд. Ю. Попов изҳор дошт, ки минбаъд низ барои рушди бемайлони робитаҳои неки ду кишвари дӯст саҳми худро дареғ нахоҳад дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.13 №: 112 Мутолиа карданд: 2370