мулоқотҳо
Сарвари давлат ҳайати Ҳукумати Афғонистонро ба ҳузур пазируфт
15 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақл ва ғайра баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба омода кардан ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқи CASA - 1000, роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.13 №: 112 Мутолиа карданд: 2445