суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, 20 августи соли 2013, шаҳри Душанбе
Олиҷанобон, муҳтарам сарони ҳукуматҳо!
Муҳтарам муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам вазирон ва роҳбарони ҳайатҳо!
Муҳтарам иштирокдорони конфронс!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Барои ман мояи сарфарозист, ки ҳамаи шуморо дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об хайра мақдам гӯям.
Ҳамоиши имрӯза, ки тибқи қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад, барои ҳамаи мо ҷиҳати арзёбии вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи об ба хотири татбиқи мукаммали уҳдадориҳо ва қарорҳои дар сатҳи глобалӣ қабулгардида имконияти нодире фароҳам месозад.
Қабл аз он, ки перомуни вазифаву ҳадафҳои нишасти имрӯза мушаххасан сухан гӯям, бамаврид медонам дар бораи марҳалаҳои асосии амалиёти дастаҷамъонаи мо дар тӯли даҳсолаи охир таваққуф намоям.
Имсол ба аввалин тарҳи муштараки аҳамияти ҷаҳонидоштаи мо – Соли байналмилалии оби тоза, ки соли 2003 баргузор гашта буд, даҳ сол пур мешавад ва ин сана арзишмандии таҳлили моро бештар мегардонад.
Соли байналмилалии оби тоза ба таҳкиму тавсеаи талошҳо оид ба нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои оби ошомиданӣ кумак карда, ба дарки амиқи нақши об дар таъмини рушди устувор, инчунин барои омода сохтан ва интишор намудани аввалин гузориши фарогир дар бораи азхуд кардани захираҳои оби ҷаҳон зери унвони «Об барои одамон, об барои ҳаёт» мусоидат намуд.
Ба назари мо, нақши асосии Соли байналмилалӣ дар он ифода меёбад, ки барои тарҳи дуюми тӯлонитари дорои аҳамияти ҷаҳонии соҳаи захираҳои об – Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» – асоси боэътимоду устувор гузошт.
Ҳадафи асосии Даҳсола аз мусоидат ба ҷаҳду талошҳо ба хотири иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва захираҳои бо он алоқаманд то соли 2015, аз ҷумла дар самти ду баробар кам кардани қишри аҳолие, ки ба оби ошомидании безарар ва беҳдошти санитарӣ дастрасӣ надорад, иборат буд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе мо якҷоя шарҳу тафсири миёнамуҳлати татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»-ро анҷом додем.
Дар Эъломияи Душанбе, ки дар асоси хулосаҳои тафсири соли 2010 қабул шуда буд, мо азми худро ҷиҳати амалисозии ӯҳдадориҳои қаблӣ дар соҳаи захираҳои об таъйид намудем. Дар ин замина худи ҳамон сол бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намудани соли 2013 қатъномаи нави Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Тоҷикистон якҷоя бо кишварҳои дигари ҳамшарики қатънома ба ин ташаббус роҳ кушода, дар назар дошт, ки Соли байналмилалӣ ба таҳкими муколама ва якдигарфаҳмӣ, рушду тавсеаи ҳамкориву шарикӣ дар асоси муносибатҳои бисёрзина ва маҷмӯӣ ба ҳалли масъалаҳои об мусоидат хоҳад кард.
Нимаи аввали Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аллакай сипарӣ гашт. Дар ин давра ба хотири муҳокима ва таҳияи роҳҳои беҳтарини шарикиву ҳамкорӣ дар соҳаи об, густариши донишу малакаҳо оид ба василаҳои дипломатияи об як силсила чорабиниҳои глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ гузаронида шуданд. Мо натиҷаҳои чорабиниҳоро дар Сарагоса, Абу-Забӣ, Париж, Ню-Йорк, Гаага, Чиангмай ва дигар шаҳрҳо, ки ба хотири мусоидат ба татбиқи босамари ҳадафҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об гузаронида шуданд, мусбат арзёбӣ мекунем. Конфронси имрӯза чорабинии навбатӣ ва дар айни замон рӯйдоди марказии Соли байналмилалӣ мебошад ва ман мутмаинам, ки ба идомаи он дигар нишастҳои муҳими байналмилалӣ доир хоҳанд гашт.
Аз фурсат истифода бурда, мехостам ба кулли ҳамшарикони мо, аз ҷумла ҳукуматҳо, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидати фаъолашон ба татбиқи амалии тадбирҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори сипос намоям.
Хонумҳо ва ҷанобони арҷманд!
Имрӯз масъалаи асосие, ки дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, аз он иборат аст, ки ба чӣ тариқ уҳдадориҳои эълоншуда метавонанд ба амалиёт ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста, татбиқи комилу амалии худро ҷиҳати беҳбуди ҳаёти ҳар фард пайдо намоянд. Дар оғози фаъолияти муштараки мо дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола иртиботи ногусастанӣ дорад, дар пешорӯи мо айнан чунин масъала меистод.
Тавре маълум аст, захираҳои об дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи Ҳазорсола дарҷ ёфтаанд, аҳамияти аввалиндараҷа касб кардаанд. Ҷаҳду талоши мо оид ба рафъи камбизоатӣ ва гуруснагӣ, таъмини баробарӣ ва васоили зиндагӣ, коҳиш додани осебпазирӣ ва ҳалли масъалаҳои тандурустӣ дар ҳоле, ки дар манотиқи зиёди сайёра нархи оби ошомиданӣ аз нархи сӯзишворӣ болотар рафтааст, ба рушду идораи оқилонаи захираҳои об вобастагии зич дорад.
Ин саъю кӯшишҳо ҳанӯз он самараи бузургеро, ки ҳамаи мо дар оғози ҳазорсола интизораш будем, надодаанд. Вале бо вуҷуди ин, пешрафти бадастомада возеҳу равшан аст.
Тавре ки дар ҳисоботи соли 2013 оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола зикр шудааст, тайи ду даҳсолаи охир зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар таъмин гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони Замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дар баробари ин, ҳоло ҳам 768 миллион нафар обро аз сарчашмаҳои хатарнок истеъмол намуда, тақрибан барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст. Зиёда аз ин, пешрафти бадастомада на танҳо дар байни минтақаҳо ва кишварҳо, балки байни аҳолии деҳот ва шаҳрҳои мамлакатҳо номутаносиб аст. Масалан, имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ дорад.
Дар панҷ соли охир Ҳукумати кишвар барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 15 стратегия ва барномаву нақшаҳои корӣ қабул кардааст, ки дар чаҳорчӯби онҳо барои лоиҳаҳои мушаххас зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад.
Аммо таҷриба гувоҳ аст, ки барои сари вақт пиёда сохтани ин ҳадафҳо тавсеаи маблағгузорӣ ва ҷалби сармояҳо аз тариқи истифодаи тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати таҳкими инфрасохтори обии кишвар комилан зарур аст.
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Муҳлати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва татбиқи маҷмӯи тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад.
Ба ибораи дигар, то анҷоми раванди иҷрои ин ду тарҳи глобалии бо ҳам сахт алоқаманд, ки ба маҳви камбизоатӣ ва нобаробарӣ, беҳбуди сифати ҳаёт ва қонеъ намудани ниёзмандиҳои асосии одамон равона карда шудаанд, рӯзу моҳҳои башумор мондаанд.
Дар ин муддати начандон зиёди боқимонда зарур аст, ки барои таъмин намудани пешрафти возеҳ дар самти расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола саъю талошҳои мо дучанд гашта, ҳамаҷониба тақвият дода шаванд.
Ин иқдом махсусан дар шароити кунунӣ муҳим аст, зеро зуҳуроти ҷории буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва тағйироти иқлим пешрафти бе ин ҳам нопурра, ноустувор ва номутаносибро коҳиш медиҳад. Вале аллакай имрӯз метавон гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ҷузъи мантиқӣ ва зарурии раванди татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола гашта, барои пиёда сохтани онҳо мусоидат қардааст. Бинобар ин, бо истифода аз фурсат баррасии имкони эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалиро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об пешниҳод менамоям.
Мо чунин мешуморем, ки даҳсолаи нав бояд ба саъю талошҳо дар ҳамаи сатҳҳо такони нав дода, дар давраи баъди соли 2015 ба рушду тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об хизмат намояд.
Гузашта аз ин, бояд ба инобат гирем, ки то соли 2015 Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул карда мешаванд.
Дар робита ба ин, умедворам, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокдорони конфронси имрӯза пуштибонӣ меёбад.
Алҳол раванди байниҳукуматӣ оид ба таҳияи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки комёбии асосии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (РИО+20) маҳсуб мешавад, идома дорад.
Боиси қаноатмандист, ки дар санади ҷамъбастии РИО+20 нақши калидии захираҳои об дар эҷоди рушди устувор эътироф гардида, масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об дар ҳамоишу нишастҳои гуногун мавриди баррасии фаъолона қарор доранд.
Мо раванди пешбарии ғояро оид ба зарурати таҳияи Ҳадафи алоҳидаи рушди устувор дар соҳаи захираҳои об пуштибонӣ мекунем ва зарур медонем, ки ҳангоми таҳияи умумии ин ҳадафҳо унсурҳои мазкур ба ҳисоб гирифта шаванд:
- таъмини дастрасии комил ба оби безарари ошомиданӣ ва санитария;
- ҷорӣ намудани идораи воҳиду муттаҳидаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;
- баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва истифодаи дуюмбораи он;
- маблағгузории кофӣ ва сармоягузории иншооти хоҷагии об ва инфрасохтор, ироа ва татбиқи технологияҳои навтарин;
- бунёди василаҳои мутақобилан қобили қабул оид ба ҷамъоварӣ ва табодули иттилооту маълумот.
Умед дорам, ки дар ҷараёни мубоҳисаҳои кунунӣ иштирокдорони конфронс оид ба ин масъала тавсияҳои мушаххасеро пешниҳод хоҳанд кард.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!
Таҷриба гувоҳ аст, ки ҳадафҳо фақат дар сурати таҳияи василаҳои муассир ва нақшаҳои мушаххаси татбиқу тафсири онҳо амалишаванда мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Ҳамоиши сиёсии ба тозагӣ таъсисёфтаи сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар ин арса бояд на фақат нақши марказӣ дошта бошад, балки ҷиҳати густариши муколамаи доимӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои рушди устувор василаи фарогир ва пурвусъатеро муҳайё созад.
Дар иртибот ба ин, мувофиқи мақсад медонам, ки ба баррасиву муҳокимаи иштирокдорони муҳтарам роҳҳои таҳияи диди глобалиро оид ба масъалаҳои об барои давраи баъди соли 2015 пешниҳод намоям, зеро он метавонад ҷиҳати пиёдасозии ҳадафҳои бо захираҳои об алоқаманди рушди устувор ба ҳайси «харитаи роҳ» нақши муфид дошта бошад.
Ба инобат гирифтани омилҳои зерин, ки ҳангоми таҳияи диди нав оид ба масъалаҳои об чаҳорчӯба ва имконоти ҳамдастиву ҳамкориро муайян месозанд, онро тақвият хоҳанд дод.
Аввалан, тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири манфӣ дошта, ба саъю талошҳои мо дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд осеб мерасонад.
Масалан, тӯли чанд даҳсолаи ахир пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, қариб 30 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд ва ин тамоюл пайваста идома дорад.
Дар ин муддат аз 14 ҳазор пиряхҳои мо ҳазортои онҳо ба куллӣ нобуд шуданд. Фақат пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъаи хушкии Замин – дар ин давра қариб 1 километр кӯтоҳ шуда, масоҳаташ ба андозаи 11 километри мураббаъ ихтисор гаштааст ва ҳаҷман тақрибан 2 километри мукааби ях талаф ёфтааст.
Бо дарназардошти он, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд, чунин вазъ боиси нигаронии ҷиддист ва андешидани тадбирҳои фавриро доир ба мутобиқсозӣ ва эҷоди устуворӣ нисбат ба тағйироти иқлим тақозо дорад.
Дар иртибот ба таъсири тағйироти иқлим тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон, ки 93 фисади қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд ба мушоҳида мерасад, ки боиси зиёни бузурги иқтисодиву маънавӣ мегарданд.
Офатҳои табиӣ илова бар он, ки дар шароити кӯҳсори мо ба хисороти ғайричашмдошт боис мегарданд, саъю талошҳои моро оид ба дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола коҳиш дода, дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ монеаву мушкилоти иловагӣ эҷод месозанд.
Аз ин лиҳоз, дар сатҳи глобалӣ мунтазам мавриди баҳсу муҳокима қарор додани масъалаи офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд мувофиқи мақсад мебошад.
Дуюм ин, ки афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани эҳтиёҷ ба захираҳои об вазифаҳои наву фарогирро ба миён мегузоранд.
Масалан, дар минтақаи Осиёи Марказӣ масоҳати заминҳои обӣ аз 2,2 миллион гектари аввали асри XX то 9 миллион гектари ҳозира ва теъдоди аҳолӣ аз 20 миллион нафари соли 1956 то 63 миллион нафар дар соли 2010 афзоиш ёфтааст.
Дар олами муосир талабот ба захираҳои об босуръат афзун мегардад, ки ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳои байниҳамдигарии соҳаҳои мухталифи иқтисод мегардад.
Тезутунд шудани рақобат барои захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди он қодир аст, ки ҳатто дар дохили як мамлакат ба пайомадҳои номатлуб боис гардад.
Сеюм, ба инобат гирифтани ҷанбаи гендерии масоили соҳаи об зарур аст. Моро лозим аст, ки занонро тавассути таҳкими нақши онҳо дар идораву ҳифзи захираҳои об ба раванди рушд фаъолона ҷалб намоем.
Дирӯз дар чаҳорчӯбаи конфронс Ҳамоиши занон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардида, барои амалиёти минбаъда тавсияҳои худро таҳияву пешниҳод намуд.
Чаҳорум, нақшаҳо ва иқдомоти мо бояд ба воситаҳои кофии татбиқи онҳо, аз ҷумла ба захираҳои молиявӣ, сармояҳо ва технологияҳо, такя намоянд.
Дар ин росто шарикии глобалӣ ба хотири рушд бояд ҳамаҷониба таҳким дода шавад. Возеҳ аст, ки дар шароиту воқеияти нав ба навсозию беҳсозии шарикии глобалӣ ба хотири рушди устувор ниёз пайдо мешавад.
Ҳамкорӣ дар бахши таълими фарҳанг ва маданияти истифодаи устувори об метавонад самти муҳими саъю талошҳои муштарак бошад.
Дар ин самт шарикии давлативу бахши хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои таъмини обу санитария имкониятҳои нав эҷод хоҳад кард.
Панҷум, унсури фаромарзии ҳамкориҳо дар соҳаи об дар таъмини сулҳу субот ва рушд нақши умда дорад. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 276 ҳавзаи дарёҳои байналмилалӣ мавҷуд аст, ки қаламрави 148 кишвар ва 40 фоизи аҳолии Заминро фаро мегиранд.
Ҳамкории пурсамар дар соҳаи об қодир аст, ки омили суръатбахши рушд гардад, набудани он бошад, баръакс, метавонад барои вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои шомили ҳавзаҳои умумии об пайомадҳо ва хатарҳои ҷиддӣ эҷод созад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон таҳкими имкониятҳои ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ба рушди солиму муштараки ҳамаи кишварҳои наздисоҳилӣ мусоидат менамояд.
Бо истифода аз фурсат мехостам мухтасаран ба мавзӯи ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ дахл намоям.
Тавре маълум аст, кишварҳои минтақа аз захираҳои оби ду дарёи бузург – Ому ва Сир – ва ҳамчунин як силсила рӯдҳои хурди сарҳадгузар истифода мебаранд. Дар шароити минтақае, ки қисми бузурги захираҳои обаш дар қаламрави бархе аз кишварҳо ташаккул меёбанду истифодаи бештари онҳо ба кишварҳои дигар рост меояд, ҳамкории зарурӣ ҷиҳати идораи устувор ва истифодаи захираҳои об калиди рушди дарозмуддат аст.
Чунончи, аз 64 километри мукааби оби дар қаламрави Тоҷикистон бавуҷудомада кишвари мо фақат 10 -11 километри мукааби онро истифода мебарад, ки ин 10 фоизи захираи умумии оби ҳавзаро ташкил медиҳад. Ҳол он ки нишондиҳандаҳои қиёсии кишвари мо аз рӯи ҳаҷми об ва масоҳати обёришаванда ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи пасттарин қарор доранд.
Дар ин росто, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияташ ба хотири мусоидат ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, алалхусус дар соҳаи об, тамоми тадбирҳои лозимаро андешидааст.
Аз ҷумла, кишвари мо дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1992 Созишномаро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарчашмаҳои байнидавлатӣ имзо намуда, дар соли 1993 ҳаммуассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал гардид.
Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои минтақа ҳамасола барои нигаҳдории низоми экологии минтақаи назди Арал ва худи баҳри Арал ҳаҷми иловагии обро ҷудо мекунад.
Ба хотири таъмини аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ мо бунёди Консорсиуми байналмилалиро оид ба истифодаи оби тозатарини ошомидании кӯли баландкӯҳи Сарез пешниҳод карда будем.
Зимнан, вақте ки дар минтақа афзоиши камбуди захираҳои оби ошомиданӣ ба мушоҳида мерасад, лоиҳаи номбурда, бечунучаро, қобили таваҷҷуҳи хос аст.
Тоҷикистон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш, ки аз ин лиҳоз дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ибтикор нишон додааст.
Неруи эҳтимолии барқи мо, ки ба андозаи 527 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мегардад, то ҳол фақат ба қадри 3-4 фоиз истифода мешаваду халос.
Азхудкунии минбаъдаи ин неруи бузурги аз лиҳози экологӣ тоза метавонад ба ҳалли фарогири масъалаҳои сершумори муосир ва ояндаи минтақа, аз ҷумла марбут ба таъминот бо об ва амнияти энергетикиву озуқаворӣ мусоидат намояд.
Ҳалли ин масъалаҳо, дар навбати худ, ба паст рафтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуда, замони ба рушди устувор комёб шудани кишварҳои минтақаро наздиктар мекунад.
Аз тариқи таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ба имзо расидани як теъдод созишномаҳои муҳим кишварҳои минтақа фаъолияти маҷмаи хоҷагии обро дар мушкилтарин шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таъмин карда тавонистанд.
Бо вуҷуди ин, дар минтақа ҳанӯз имкониятҳои бузурге барои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об вуҷуд доранд, ки ба ҳама фоидаи зиёд оварда метавонанд.
Аз фурсат истифода бурда, мехостам бори дигар изҳор намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст.
Хонумҳо ва ҷанобони иззатманд!
Дар фарҷоми суханронӣ мехостам таъкид намоям, ки имрӯз дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои глобалӣ ба захираҳои об ва якбора зиёд гаштани истеъмоли об барои эҳтиёҷоти одамон, иқтисоду низомҳои экологӣ фақат бар асоси эътимоди тарафайн, баҳисобгирии одилонаи эҳтиёҷоту талабот ва иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, дарёфту ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ оид ба масъалаҳои об, роҳандозӣ намудани ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ба эҷоди рушди устувор, коҳиши камбизоатӣ ва рафъи нобаробарӣ, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ ва, умуман, таъмини сулҳу амонӣ мусоидат хоҳад кард.
Умед дорам, ки Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба фаъол сохтани ҷаҳду талошҳо дар ин самтҳо такони нав хоҳад бахшид.
Тоҷикистон минбаъд низ ният дорад дар баробари дигар ҷанбаҳои масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ дар соҳаи обро фаъолона густариш бахшад ва дар ин иртибот якҷо бо ҷонибҳои манфиатдор дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи обро таъсис диҳад.
Мо ҳамаи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳамкорӣ дар ин кори хайр – ҳифзу оқилона истифода бурдани захираҳои об даъват менамоем.
Об – ин зиндагист, об – ин манбаи ҳаёт аст. Ва вазифаи мову шумост, ки ин манбаъро ба наслҳои ояндаи худ дар беҳтарин вазъ боқӣ гузорем!
Ба ҳамаи иштирокчиёни конфронс муваффақият ва дар сарзамини меҳмоннавози тоҷикон будубоши ҳаловатбахш орзу дорам.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.13 №: 113 Мутолиа карданд: 3774