мулоқотҳо
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Таиланд
Зимни баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ, ҳамшарикии созандаи Тоҷикистону Таиланд, ки 19 август дар Душанбе нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт, ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Тавре зикр гардид, "Тоҷикистону Таиланд оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо кӯшишҳои муштарак анҷом медиҳанд".
Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, "Шоҳигарии Таиланд аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки ҳамеша дар қатори ҷонибдорони иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об қарор дорад ва иштироки ҳайати воломақоми ин кишвар дар чорабинии муҳимтарини Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи мавқеи хайрхоҳонаи он нисбати ташаббусҳои созандаи кишвари мо мебошад".
Йинглак Шинаватра, аз ҷумла изҳор дошт, ки "мо пешвоию раҳнамоии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи об ва "энергетикаи сабз" комилан қадрдонӣ карда, аз он пайваста пуштибонӣ менамоем".
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳои мустақим, аз ҷумла барои рушди туризм миёни пойтахтҳои ду кишвар, шаҳрҳои Душанбею Бангкок хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода шавад.
Пас аз анҷоми гуфтугузор Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, расмӣ ва хизматӣ ба имзо расида, эъломияи муштарак қабул гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Таиланд Йинглак Шинаватра аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноат намуда, муносиботи рушдёбандаи ду кишварро дорои дурнамои умедбахш номиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.13 №: 113 Мутолиа карданд: 2374