барқияҳо
17 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:...
"Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишвари дӯст сарфарозам Шумо ва мардуми Индонезияро сидқан табрику муборакбод гӯям.
Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ байни ду кишвар равобити ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта, дар такя ба сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ масири густариши зина ба зинаро касб карданд.
Имрӯз Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои хеле ҳам зиёди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро дороанд ва мутмаинам, ки мавриди татбиқ қарор додани онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти мо мебошад.
Дар ин рӯзи саид ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиву муваффақият ва ба мардуми дӯсти Индонезия сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.13 №: 113 Мутолиа карданд: 3567