logo

маориф

Дар мактабҳои Тоҷикистон 3600 муаллим намерасад

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма соли 2008-ро соли дастовардҳо арзёбӣ кард. Дар ин сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 170 иншооти соҳаи маориф барои 25638 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, ки 41 иншоот ва 2220 ҷойи нишаст нисбат ба соли 2007 зиёд аст. Ва ҳамчунин 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар озмунҳои байналмилалӣ 43 хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ бо муваффақият ширкат варзид.
Беш аз 5 ҳазор нафар муҳоҷири меҳнатӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат касб омӯхт.
-Сатҳи сифати таълим нисбат ба солҳои гузашта боло рафт, аммо ҳанӯз ҳам он ҷавобгӯи талаботи давр нест, -афзуд вазир.
Абдуҷаббор Раҳмонов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки 1450 нафар хатмкунандаи макотиби олӣ ба ҷойи таъиншудаи кор нарафтааст. Инчунин дар кишвар 3600 муаллим намерасад. Ва, албатта, вазорат барои ҳалли ин мушкилот чораҳои муассир андешидаву онҳоро амалӣ менамояд.
Тибқи маълумоти вазир 27 ҳазор нафар духтар пас аз хатми синфи 9 таҳсилро идома надодааст, ба истиснои 15 дарсади он, ки шояд ба омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо барои ҳунару касбомӯзӣ рафтааст. Ва ин масъала зери назорати ҷиддӣ гирифта шудааст. Ба хотири ҳалли дурусту самарабахши он бояд ба Сарқонуни ҷумҳурӣ тағйирот дароварда шавад, яъне таҳсили ҳатмӣ то ба синфи 11 қарор бигирад.
 

А. РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед