мулоқотҳо
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба мувофиқаҳои нав даст ёфтанд
27 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулатиф ал-Усмон - раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудиро, ки дар раъси ҳайати ҳукумати ин кишвар ба Тоҷикистон омад, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттиллои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ баррасӣ шуд. Ҳар ду ҷониб изҳори умед кардаанд, ки ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ ба таври назаррас мусоидат менамояд.
Абдулатиф ал-Усмон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, итминон дод, ки раванди муносиботи дуҷониба дар бахшҳои гуногун тавсеа пайдо хоҳанд кард.
- Ҷаноби Президент таваҷҷуҳи моро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ - гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, ҷаҳонгардӣ ва бахшҳои фарҳангӣ ҷалб намуданд, ки мо ин мавзӯъро бо соҳибкорони араб матраҳ намуда, вориди амал хоҳем шуд. Имкону захира ва шароити мусоиди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон моро дар тавсеаи равобит ва сармоягузории ҳарчи бештар ба татбиқи лоиҳаҳои гуногун ҳавасманд месозад, - изҳор дошт Абдулатиф ал -Усмон.
Арабистони Саудӣ то кунун дар Тоҷикистон аз тариқи Бунёди саудии рушд дар татбиқи 7 лоиҳа беш аз 60 миллион доллар маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин ҷиҳати татбиқи чанд тарҳи дигар дар соҳаи маориф оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллар мувофиқа ҳосил шудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.13 №: 115 Мутолиа карданд: 2511