мулоқотҳо
Николай Бордюжа дар Душанбе
27 август, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хурӯҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид.
Тавре зикр гашт, ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав бояд баргузор гардад, баррасӣ хоҳанд шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.13 №: 115 Мутолиа карданд: 2432