мулоқотҳо
Омодагии Фаронса ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон
2 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати порлумонии Фаронса аз гурӯҳи дӯстии "Фаронса ва Осиёи Марказӣ" - ро таҳти роҳбарии сенатор Андре Дюле ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, Андре Дюле дар суҳбат бо Сарвари давлати мо аз омодагии Фаронса, бахусус порлумони он ҷиҳати дастгирии рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон паём додааст. Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника ва густариши робитаҳои байнипорлумонӣ баррасӣ шудааст.
Сенатори фаронсавӣ, ки баъд аз дидор бо Президенти ҷумҳурӣ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат дошт, натиҷаҳои ин мулоқотро судманд унвон кард. Ӯ равобити ду кишвар дар соли 2012 - ро хубу пурсамар арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки феълан ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои гуногун рӯ ба тавсеа аст. Ба таъкиди Андре Дюле, ширкатҳои бонуфузи фаронсавӣ бо таваҷҷуҳ ба соҳаи саноати кӯҳӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои зеризаминӣ, захираҳои обу энергетикии Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин бахшҳо эълон кардаанд.
Айни ҳол навсозии хати парвоз ва бунёди терминали нав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Фаронса идома дорад, намунаи хуби ҳамкориҳои ду кишвар дониста мешавад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.09.13 №: 117-118 Мутолиа карданд: 2358