logo

барқияҳо

Номаҳои шодбош ба Эмомалӣ Раҳмон

Дар паёми шодбоши Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди миллии Тоҷикистон қабул фармоед.
Равобити кишварҳои мо дар асоси анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила босуръат рушд ёфта истодаанд. Тариқи ба роҳ мондани муколамаи фаъоли сиёсӣ ҳамкориҳои созанда дар бахшҳои тиҷорату савдо, илму техника ва соҳаҳои гуманитарӣ рушду густариш меёбанд. Ҳамкориҳои мо дар доираи ИДМ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкориҳои Шанхай натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Аминам, ки рушди минбаъдаи равобити стратегии Русияву Тоҷикистон, ки ҷавобгӯи асосии манофеи халқҳои мост, ба самти субот, амнияту шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида хоҳад шуд.
Аз  самими  қалб  ба  Шумо,  муҳтарам    Эмомалӣ Шарифович, солимии бардавом, хушбахтӣ, комёбиҳои навин ва ба халқи Тоҷикистон сулҳ, саодатмандӣ ва шукуфоӣ таманно дорам".

* * *
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар барқияаш гуфтааст:

"Муҳтарам ҷаноби Президент,
Аз номи халқи Амрико ба Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳнияти гарму самимиро ба муносибати 22 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон - 9-уми сентябр баён медорам.
Иёлоти Муттаҳида ифтихорманд аз он аст, ки шарики боэътимоди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо дастгирии Шуморо ҷиҳати эъмори амну субот дар Афғонистон ва кулли минтақа қадрдонӣ мекунем. Ман муштоқона мунтазири таҳкими равобити дӯстонаи миёни кишварҳоямон ҳастам ва ба халқи Тоҷикистон ояндаи демократӣ, пурсубот ва шукуфонро таманно дорам".

* * *
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати мо чунин менигорад:

"Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати 22-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ ва дар симои Шумо халқи дӯсти тоҷикро бо беҳтарин таманниёт самимона шодбош мегӯям.
Дар муддати 22 соли соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Шумо сиёсати Тоҷикистон устувор гардида, иқтисодиёт бемайлон рушд намуд ва халқи тоҷик дар фазои сулҳу осоиштагӣ басар мебарад. Ҷумҳурии Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегӣ аз ин муваффақиятҳо хеле шод аст. Ба Тоҷикистон дар корҳои созандаи давлат комёбиҳо таманно дорам.
Дар солҳои охир ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон бо суръат рушд ёфта истодаанд. Дастовардҳои пурбореро дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ ноил гардидем. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Шумо дар Ҷумҳурии Чин сафари муваффақона анҷом додед. Мо дар якҷоягӣ "Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои стратегӣ"-ро ба имзо расонидем. Равобити миёни ду кишвар ба сатҳи стратегӣ расид ва дар дӯстии чандинасраи Чину Тоҷикистон саҳифаи наве боз шуд. Ман ба саҳми назарраси Шумо дар рушди ҳамкориҳои Чин бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳам. Умедворам, ки дар дидори оянда бо Шумо аснои баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек оид ба ҳамкориҳои дуҷониба, масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳ, ки ба таҳкими равобити Чину Тоҷикистон ба нафъи давлату халқҳоямон нигаронида шудаанд, табодули назар хоҳем кард.
Ба Шумо саломатӣ, дар корҳоятон муваффақиятҳои бузург, ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба халқи он хушбахтиро таманно дорам".
 

* * *
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ зимни табрикоти хеш овардааст:
"Фаро расидани солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.
Умедворам, дар партави азму иродаи масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, равобити дӯстона миёни ду кишвар дар тамоми заминаҳо ва дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат, беш аз пеш таъмиқ ёбад.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва сарбаландию беҳрӯзии мардуми бародар ва дӯсти Тоҷикистонро орзу дорам".

* * *
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чунин номаи шодбош ирсол намудааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Бо ёдоварӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои кунунӣ ва робитаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар итминони комил дорам, ки ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд минбаъд низ ба нафъи халқҳоямон густариш хоҳанд ёфт.
Эмомалӣ Шарифович, бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо сиҳатии том, дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари тоҷик зиндагии осоишта ва шукуфоиро таманно дорам".

* * *
Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Бароям мояи ифтихори бузург аст, ки Шумо ва дар симои Шумо мардуми дӯсти тоҷикро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон самимона таҳният гӯям.
Дар Туркманистон ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои байни кишварҳоямон баҳои баланд медиҳанд.
Аминам, ки дар оянда ин ҳамкориҳо ба манфиати халқҳои Туркманистон ва Тоҷикистон рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо сиҳатии комил, хушбахтиву рифоҳ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукуфоиро таманно дорам".

* * *
Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай чунин барқияи шодбош ирсол намудааст:
"Масаррат дорам беҳтарин табрикот ва таманниёти неки худ ва мардуми Афғонистонро ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯст ва бародари он кишвар иброз менамоям. Хурсандам, ки равобити бародаронаи мавҷуд миёни мардумони кишварҳои мо бо гузашти ҳар рӯз густариши бештар меёбанд.

Бародари муҳтарам, Оқои Раисҷумҳур,
Ин як воқеият аст, ки сарнавишти мардумони мо бо ҳам гиреҳ хӯрдааст. Бинобар ин давлати Афғонистон нигаронии кишвари дӯст Тоҷикистонро дар мавриди амнияти марзи муштарак бо Афғонистон комилан дарк менамояд. Бидуни тардид ҳар гуна таҳдид алайҳи мунофеи яке аз кишварҳои мо метавонад бар кишвари дигар таъсири ногувор дошта бошад. Давлати Афғонистон дар мавриди рафъи таҳдидоти ёдшуда ҳамкори наздики кишвари бародари Тоҷикистон хоҳад буд. Илова бар ин густариши ҳамкориҳо ва анҷоми пружаҳои муштараки иқтисодӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои мо мебошад.
Як бори дигар маротиби хурсандии хешро нисбат ба тавсеаи равобити дӯстона миёни Афғонистон ва кишвари бародари Тоҷикистон иброз намуда, сиҳатӣ ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо ва рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистонро орзу менамоям".

* * *
Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук чунин омадааст:

"Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми тоҷик аз номи худ ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимонаро ирсол медорам.
Дар давоми беш аз бист соли ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатиамон ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф рушду густариш меёбанд. Ҳамин тариқ, мо барои ҳамкориҳои дӯстона ва муътамад асос гузоштем. Дар ин асос, Олмон дар оянда низ мавқеи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди минбаъдаи сохторҳои демократӣ ва ҳукумати қонунӣ, инчунин барои роҳ ёфтан ба иқтисоди бозорӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Ба Шумо сарбаландӣ ва ба халқи Шумо сулҳ, озодӣ ва саодатмандиро хоҳонам".

* * *
Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг дар барқияи шодбоши худ зикр менамояд:

"Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи давлат ва Халқи Ветнам ба Шумо ва дар симои Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрикоти самимонаи худро ирсол медорам.
Мо ҳамеша аз дастовардҳои халқи тоҷик ҷиҳати рушду суботи кишвар шодем. Табрикоти маро ба муносибати узви 159-уми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шудани Тоҷикистон дар соли 2013-ро қабул фармоед. Ин рӯйдод далели боло рафтани нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ман итминони комил дорам, ки равобити анъанавӣ, дӯстона ва гуногунсоҳаи мо, ки дар асоси баробарӣ ва бо назардошти манфиатҳои Ветнам ва Тоҷикистон эъмор ёфтааст, рӯз аз рӯз ба манфиати халқҳои мо, инчунин ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон рушду тавсеа меёбад.
Ба Шумо Ҷаноби Президент сиҳатии бардавом, хушбахтӣ ва дар кори пурмасъулияти Шумо муваффақиятҳои зиёд орзу дорам".

* * *
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар барқияаш навиштааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди миллии Тоҷикистион - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Аминам, ки равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд гардидаанд, минбаъд низ ба таври пайваста бо назардошти манофеи ду ҷониб ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақа рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавом, муваффақият ва ба халқи тоҷик хушрӯзиву шукуфоӣ таманно менамоям".

* * *
Алмазбек Атамбаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Иҷозат диҳед аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва халқи тоҷикро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гӯям.
Бо ризоияти амиқ изҳор медорам, ки равобити суннатӣ ва дӯстонаи миёни кишварҳоямон сол аз сол маҷрои тоза ва судмандро касб менамояд. Сафари расмии Шумо ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли ҷорӣ, Ҷаласаи якуми байниҳукуматии Шӯрои ҳамоҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздиди расмии Сарвазири Қирғизистон Ж. Сотиболдиев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои наверо дар муносибатҳо миёни ду кишвар боз намуд. Аминам, ки ҳамкориҳои байни ду давлат босуръат рушду густариш хоҳанд ёфт.
Самимона ва бо истифода аз фурсат ба Шумо сиҳатии бардавом, дар корҳои давлатдорӣ муваффақияту пешрафт ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам".

* * *
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Ҷумҳурии Сербия Томислав Николич, Президенти Ҷумҳурии Португалия Анибал Кавако Силва, Шоҳи Нидерландия Уилям-Александр, Папаи Рим Франтсиск, Раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер, Шоҳи Таиланд Бҳумибол, Президенти Ҷумҳурии Венгрия Янош Адер, Императори Япония Акихито, Султони XIV-и Малайзия Алмуътасим Биллоҳи Муҳиббуддин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Ал-марҳум Султон Бадлишоҳ, Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ва дигарон расиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.13    №: 119    Мутолиа карданд: 3923
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед