суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 2013
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.
Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта бистуду сол қабл ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем.
Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Имрӯз, ки мо дар арафаи бистудуюмин солгарди ин ҷашни бузург ҷамъ омадаем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин ҷашни фархунда ба хонадони ҳар як сокини Ватани маҳбубамон файзу сурури идона ва бахту саодати поянда оварад.
Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст.
Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст. Чунонки аз сарнавишти бисёр қавму миллатҳои сайёра бармеояд, соҳибистиқлолӣ насиби ҳар халқ намегардад. Зеро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр ғайр аз ин, ки бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад.
Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давра баробар омад, мо бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.
Модели хоси давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷаҳони муосир эътироф намуд ва кишвари мо мақому манзалати шоистаи худро дар ҷомеаи башарӣ пайдо кард, ки ин бузургтарин дастоварди мо дар интиҳои асри XX ва ибтидои садсолаи XXI маҳсуб мешавад.
Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳала тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи "миллат", "ватан" ва "ваҳдат" ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гардад.
Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулода дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд.
Ҳамон тавре ки ёд доред, баробари ба даст овардани истиқлолият мардуми мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва кор ба ҷое расид, ки масъалаи ҳастии миллату давлати тоҷикон зери хатар қарор гирифт. Яъне хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти бисёр талху даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.
Вазнинтарин талафоти мо дар он рӯзҳо ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор шаҳрвандонамон буд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар модарону занон аз фарзандону шавҳарони худ ва даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон аз падару модар, яъне парастори худ маҳрум шуданд.
Бар асари воқеоти мудҳиши он рӯзҳо як миллион нафар шаҳрвандони мо гуреза шуданд, иқтисодиёт пурра хароб гардида, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, ҳазорон мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхтанд ё валангор шуданд ва хисороти моддӣ аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Ба сари мардуми кишвар бори гарони ғаму андӯҳ, тарсу ҳарос ва ноумедӣ аз фардои зиндагӣ бор гардид.
Дар чунин шароити ниҳоят сангину фоҷиабор ягона воситаи аз вартаи парокандагӣ ва маҳвшавӣ наҷот додани миллату давлат ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, ба ҳамдигарфаҳмиву ризоият даъват кардани мардум, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ буд. Зеро бе давлати миллии соҳибистиқлол тамоми орзуву омоли таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.
Хушбахтона, мо бо пуштибонии самимона ва бо такя ба хиради сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми шарифи Тоҷикистон ин раванди сарнавиштсозро вусъат бахшидем, сулҳу салоҳро дар кишварамон таъмин кардем, фирориён ва гурезаҳои иҷбориро ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидем ва ба барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз намудем.
Маҳз аз ҳамин хотир, қатъи хунрезӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама хизмати бузурги халқи тоҷик мебошад. Ин марҳала, дарвоқеъ, як дарси фаромӯшнопазири ҳаётӣ ва мактаби бузурги худогоҳии миллӣ буда, моро водор месозад, ки сабақҳои талхи низои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ҳаргиз аз хотир набарорем.
Дастоварди дигари давраи мазкур эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он буд. Мо тавонистем дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгирии мардуми шарифи худ сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллиро таъсис диҳем ва ба ташкили шохаҳои нави ҳокимият ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз намоем.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории мо саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Минбаъд такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо имкон фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад. Инчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид.
Қобили зикр аст, ки он солҳо Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дуюмин давлате буд, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишвар ва баъдан таъсиси парламенти касбии дупалатагиро бо роҳи интихоботи озод ва бо майлу иродаи мардум қабул намуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин маротиба имкон пайдо намуданд, ки озодона ва бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда самтҳои стратегӣ ва дурнамои рушди ҷомеаро барои даҳсолаҳои минбаъда мустақилона муайян намоянд.
Дар заминаи асосҳои ҳуқуқии фароҳамгардида тӯли ин солҳо чанд марҳалаи ислоҳоти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ гузаронида шуда, ҷиҳати таъмини самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти дастгоҳи давлатӣ сохтори идоракунӣ бо воқеияти ҷомеа мувофиқ гардонида шуд.
Дӯстони азиз!
Тавре борҳо зикр кардаем, даҳсолаи аввали давлатдории миллии мо асосан ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо, бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо, бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000-ум ба давлату Ҳукумат муяссар гардид, ки ба таври ҷиддӣ ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро роҳандозӣ намояд.
Бояд хотирнишон намоям, ки соли 1996, яъне замоне, ки ҳанӯз низоъҳои дохилӣ идома доштанд, бори аввал Барномаи якуми ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар қабул карда шуд ва раванди амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати гузариши иқтисодиёти мамлакат ба муносибатҳои бозаргонӣ оғоз гардид.
Ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва суръат гирифтани ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ имконият дод, ки коҳишёбии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шавад ва соли 1997 аввалин маротиба аз оғози истиқлолият болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1996 ба андозаи 1,7 фоиз мушоҳида гардид.
Дар нимаи дуюми соли 2000-ум рӯйдоди хеле муҳим, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваст, ба муомилот баровардани яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол - пули миллӣ, яъне сомонӣ буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд.
Ҳамин тавр, дар 13 соли охир суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7-8 фоизро ташкил дод ва дар соли 2013 ҳаҷми он ба 42,1 миллиард сомонӣ баробар мегардад, ки ин ба ҳар сари аҳолӣ 5263 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2000-ум 19 баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра Ҳукумати кишвар тавонист, ки муҳимтарин заминаҳои рушди устувори иқтисодиётро гузошта, ба хотири таҳкими давлатдории миллӣ дурнамо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро таҳияву амалӣ созад.
Дар давраи зикршуда низоми боэътимоди молияи давлатӣ, ки пояи асосии фаъолияти иқтисоди бозорӣ ва заминаи зарурӣ барои эътидолу болоравии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мебошад, фароҳам оварда шуд. Ҳаҷми буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2000-ум 48 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2013 ба 12,1 миллиард сомонӣ баробар мегардад.
Дар баробари рушди иқтисодиёт ва афзоиши имкониятҳои буҷети давлатӣ мо пайваста зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун самти афзалиятнок таъмин намуда истодаем. Масалан, маблағгузории соҳаҳои асосии иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақа дар 12 соли охир аз 35 то 55 баробар афзоиш дода шуд.
Амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини суботи иқтисодӣ дар кишвар боиси рушди иқтисодиёт ва паст шудани камбизоатӣ гардид. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти охирин сатҳи камбизоатӣ дар давраи солҳои 2000-2012 аз 81 фоиз ба 38,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳукумати мамлакат охири соли 2012 Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро қабул намуд, ки ҳадафи асосии он дар баробари паст кардани сатҳи камбизоатӣ дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ ва дар ин асос таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар мебошад.
Дар стратегияи мазкур нигоҳ доштани тамоюлҳои мавҷудаи мусбат дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории қурби пули миллӣ, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва зиёдшавии даромадҳои воқеии пулии аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. Аз рӯи нишондодҳои санади зикршуда дар сурати рушди миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,5 фоиз коҳиши таваррум то 7 фоиз ва сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз дар назар аст.
Бояд гуфт, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ назаррас мебошанд ва тайи солҳои охир беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро ҳамватанони азизи мо хуб эҳсос мекунанд.
Дастоварди дигари замони соҳибистиқлолии кишвар барқарорсозӣ ва ташкили заминаҳои бунёдии соҳаи илму маориф, аз ҷумла азнавсозии инфрасохтори соҳа, ба раванди таълиму тарбия ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷорӣ кардани шаклу усулҳои замонавӣ, инчунин омодасозии кадрҳо буд, ки мо ин тадбирҳоро ба хотири заминагузорӣ ба таъмини ояндаи неки давлатдории миллӣ ва наслҳои нави халқамон амалӣ карда истодаем.
Дар замони истиқлолият теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ се баробар, шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ чор баробар ва номгӯи ихтисосҳое, ки дар мактабҳои олии кишвар аз рӯи онҳо кадр тайёр карда мешавад, қариб чор баробар афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва фароҳам овардани шароити заруриро барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон боз ҳам вусъат диҳем.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ҳоло давлати мо дар сиёсати хориҷии худ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чандин пешниҳодҳои глобалии он далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Дар ин радиф соли гузашта Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд ва ҳоло кишвари мо узви комилҳуқуқи муҳимтарин созмонҳои байналмилалии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Расидан ба ин ҳадаф на танҳо дастоварди муҳими иқтисодӣ, балки пирӯзии муҳими сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалист.
Имрӯз, яъне баъд аз бисту ду соли соҳибихтиёрии тоҷикон бо тамоми масъулият метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлолият мо тавонистем раванди худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонем. Акнун ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад бо сарфарозӣ худро фарзанди миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ва соҳибдавлати тоҷик муаррифӣ карда, аз ватану ватандорӣ ва аз рамзу муқаддасоти миллии хеш - Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор намояд.
Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд.
Бо густариши ин раванду тамоюлҳо, ки тибқи таҳлилу пешгӯиҳо дарозмуддат хоҳанд буд, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонанд. Ҳатто имрӯз бо истифода аз неру ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути аъмоли террористиву ифротгароӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба умури дохилии давлатҳои мустақил густариш пайдо кардааст.
Аз ин рӯ, дар шароити торафт афзудани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо мекунад ва чунин вазъ ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ, инчунин ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.
Ҳақиқати бебаҳс аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари мусоидат кардан ба пешрафти бесобиқаи илму техника, кашфиёти технологӣ, рушди босуръати иқтисодиёт ва ҳамгироии кишварҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатҳое, ки тараққиёти ноустувор доранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин равандро метавон ба селоби бузургу босуръате ташбеҳ дод, ки дар роҳи худ чашмаҳо ва рӯдҳои хурдро ба комаш фурӯ мебарад.
Дар чунин шароит Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба масъалаҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ояндаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо вобастагии амиқ дорад. Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ талоши халқу давлатҳо, бахусус барои шинохт ва ҳифзи асолату ҳувият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва сирати иҷтимоиву маънавӣ авҷ мегирад. Аз ин ҷиҳат, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳаётиву созандаи миллӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо якҷо бо дастовардҳои навин дар раванди тақвияти асолат ва ҳувияти миллӣ аҳамияти хоса касб менамояд.
Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад. Аз ин лиҳоз, мо тарғиби суннату анъанаҳо ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда ба роҳ мондаем.
Ҳозирини арҷманд!
Дар суханронии худ ба муносибати 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар марҳалаи кунунӣ ва ояндаи наздик ба таври мушаххас ва муфассал эълон карда будам. Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба баъзе ҳадафҳо ва барномаҳои дигари рушди минбаъдаи давлат иловатан иброз намоям.
Тавре эълон намудаем, дар марҳалаи нав низ масъалаи ҳифзи дастоварди бузургтарини таърихии халқи мо, яъне ҳифзу таҳкими давлату давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ боқӣ мемонад.
Яке аз роҳҳои мусоидат ба таҳкими давлату давлатдории миллӣ дар зеҳну шуури мардум ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва мусоидат ба рушди илму маориф дар кишвар мебошад, ки бояд дар қалби ҳар сокини Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, дину мазҳаб ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии ӯ ҷой гирифта бошад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар сатҳи давлатӣ маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳушёрии сиёсии мардумро ба дараҷаи зарурӣ баланд бардорем. Зеро мардуми огоҳ, дорои маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок фирефта наметавонад ва худогоҳиву ҳисси баланди ватанпарастии мардум яке аз пояҳои асосии амният ва суботи сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад. Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватан ва мардуми онро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин вазифаи ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан аст.
Воситаи дигари таҳкими давлатдории миллӣ бо роҳи сафарбар намудани ҳамаи захираву имкониятҳо пайгирона тақвият бахшидани неруи иқтисодии кишвар дар шароити афзоиши босуръати аҳолӣ ва шиддати бесобиқаи рақобат дар низоми иқтисодии ҷаҳони муосир мебошад. Расидан ба сатҳи навини пешрафт ва рушди иқтисодӣ тарбия кардани боз ҳазорон нафар кадрҳои миллии соҳибкасбу баландихтисос ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯйро тақозо дорад. Зарур аст, ки ин вазифаи муҳимтарин низ дар сатҳи матлуб иҷро карда шавад.
Барномаи дигари усулии мо дар марҳалаи рушди устувор тадриҷан фароҳам овардани шароит барои зиндагии сазовори мардуми кишвар мебошад. Таъмини ин ҳадаф дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ самти асосии сиёсати иҷтимоии мо буд ва минбаъд низ чунин мемонад. Барои пешбурди муваффақонаи сиёсати нави иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки инсон ва ҳимояи манфиатҳои ӯ ба мақоми боз ҳам баландтар бардошта шавад.
Боиси қадрдониву сарфарозист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият бисёр рӯзҳои сахт ва маҳрумияту маҳдудиятҳои зиёдеро таҳаммул карданд ва Ватану давлати худро ҳифз намуда, суботу оромии онро таъмин сохтанд. Имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки маҳз ба шарофати азму иродаи устувор, таҳаммулгароӣ ва хиради мардуми шарифамон мо тадриҷан ба шоҳроҳи рушди устувор баромадем.
Ҳадафҳои бузургу стратегии мо - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат танҳо ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Бо татбиқи сиёсати иҷтимоие, ки инсон дар маркази он қарор дорад, мо минбаъд низ саъю талош хоҳем кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон худро соҳиби иззату эҳтиром ва таҳти ғамхории доимии давлат бинанд, татбиқи ҳуқуқу озодиҳояшонро воқеан эҳсос намоянд ва дар маҷмӯъ, зиндагии шоиста дошта бошанд. Такроран изҳор медорам, ки мардуми мо сазовори ҳама гуна ғамхориву дастгирӣ мебошанд ва ҳуқуқи пурраи маънавӣ доранд, ки зиндагии аз имрӯза беҳтару осудатар дошта бошанд.
Ҳамватанони азиз!
Соли ҷорӣ барои кишвари мо аз он ҷиҳат низ муҳим мебошад, ки дар ин сол интихоботи Президенти мамлакат баргузор мегардад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз амиқ дарк кардаанд, ки мо роҳи рушди демократиро пеш гирифтаем ва интихобот дар ҳаёти ҷомеаи мо ҳамчун рукни муҳими низоми демократӣ пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба интихобот ва баргузоршавии он ба мисли як падидаи маъмулии демократӣ муносибат намоем. Ман ин андешаро дар суханрониву вохӯриҳои худ мунтазам таъкид месозам ва ҷонибдори самимии он ҳастам.
Дар даврони истиқлолият мо тамоми чораҳоро андешидем, ки ҷомеаи кишварамон фарҳанги интихобот ва интихоби огоҳонаро зина ба зина аз худ намояд. Бовар дорам, ки интихоботи навбатии президентӣ низ нишондиҳандаи фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ва интихоби огоҳонаи мардуми Тоҷикистон хоҳад гардид.
Ман аз онҳое, ки мехоҳанд номзадии худро ба ин чорабинии муҳим пешниҳод намоянд, хоҳиш дорам, ки ба ин маърака бо маданияти баланди сиёсӣ ва масъулияти комили ватандорӣ муносибат намоянд. Интихоботи мо набояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ, балки ба минбари муаррифии барномаҳои комил, андешаҳои созанда ва имкониятҳои зеҳнии арзишманд табдил ёбад, ки мардум тавонанд ҳуқуқи конститутсиониашонро озодона ва бо майлу иродаи худ амалӣ намоянд.
Бори дигар таъкид месозам, ки ин чорабинӣ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун ва шаффофу озод баргузор гардад, то ин ки мардуми Тоҷикистон имконияти иштирок ва интихоби номзади арзандаро ба ин мақоми олӣ дошта бошанд.
Итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ намунаи беҳтарини амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари худро озодона, бо майлу иродаи хеш интихоб мекунанд ва ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар ва болоравии обрӯи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Халқи мо дар фазои истиқлолият ва демократия чандин маъракаи интихоботиро муваффақона гузаронид ва итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ ин дафъа низ ҳамчун як имтиҳони ҷиддии демократияи ҷавони Тоҷикистон ва чун нишонаи пешрафти давлат ва халқи мо шаффофу озодона хоҳад гузашт.
Ҳозирини гиромӣ!
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Ин лаҳзаҳо мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромадем.
Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.
Мо бо дастгириву пуштибонии мардуми солору хирадмандамон имрӯз барои татбиқи муваффақонаи нақшаву барномаҳои минбаъдаи худ, ки ҳадафи онҳо нерӯмандии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиставу босаодати ҳар хонадони тоҷик мебошад, ҳамаи имкониятҳои заруриро дорем.
Ман итминони комил дорам, ки асри ХХI чун даврони кишвардории Сомониёни шарофатманд асри Тоҷикистони соҳибистиқлол, асри созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафтҳои бузурги миллати куҳанбунёди мо хоҳад гардид. Зеро роҳи дурусте, ки мову шумо ба хотири бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ интихоб кардаем ва ҳадафҳои бузурге, ки пеш гузоштаем, рушди устувори сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи моро барои ояндаҳо кафолат медиҳанд.
Шубҳае нест, ки ба хотири идомаи нек пайдо кардани ин роҳи интихобкардаамон мардуми хирадманду сарбаланд, бонангу номус ва бофарҳангу соҳибмаърифати мо сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшида, ба натиҷаву дастовардҳои аз имрӯза бузургтар ноил хоҳанд шуд.
Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёд дорем, вале халқи азизи Тоҷикистон бовар дошта бошад, ки мо барои ҳалли масоилу мушкилоти мавҷуда нақшаву барномаҳои неку созандаро тарҳрезӣ кардаем ва барои иҷрои онҳо захираву имкониятҳои кофӣ ва муҳимтар аз ҳама, азму иродаи қавӣ дорем.
Мо дар Ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгаронаи халқи бузургамон дар солҳои наздиктарин барои ҳар фарди кишвар зиндагии шоиста, рӯзгори обод ва ҷомеаи хушбахтро эъмор хоҳем кард.
Мо ба ҷаҳониён собит хоҳем кард, ки миллати воқеан мутамаддину заҳматкаш, ободгару созанда ва сулҳхоҳу ваҳдатгаро ҳастем. Ва Тоҷикистони азизу маҳбубамонро минбаъд низ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ ва озоду пешрафта муаррифӣ хоҳем кард.
Ман ба ин итминони комил дорам ва мову шумо дар ояндаи наздик, албатта, ба орзуямон хоҳем расид. Зеро мо халқи сарбаланду заҳматкаш ва матиниродаву ватандӯст дорем.
Мо халқе дорем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозад.
Ман ба халқи азизи худ, яъне халқе, ки Ватанашро баробари ҷонаш дӯст медорад, итминони комил дорам, халқи худро самимона дӯст медорам ва бо чунин халқи заҳматкашу матинирода ва сарбаланду ҳимматбаланд ифтихор мекунам.
Бори дигар ҷашни бузурги озодиву соҳибистиқлолиро ба ҳар фарди Ватан, ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад.
Бигзор, парчами озодӣ бар фазои Ватани аҷдодии мо то ҷовидон парафшон бошад!
Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!
Ҷашни озодиву истиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.13 №: 119 Мутолиа карданд: 3605