logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба муносибати таҷлили 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 9 сентябри соли 2013

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони пойтахт!
Меҳмонони арҷманд!
Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву сурур ҳамаи шумо - сокинони иззатманди пойтахт, ҷавонони ватандӯст ва бонангу номус, зиёиён ва аҳли ҳунар, меҳмонони арҷманд ва тамоми ҳамватанони азизамонро бори дигар ба ифтихори ҷашни бисёр фархундаву бузург - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат ва дар кору пайкоратон ба хотири ободии Ватани муқаддасамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин сана барои мо - тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.
Ҳамзамон бо ин, Рӯзи истиқлолият на танҳо ҷашни бузурги сиёсии давлати тоҷикон, балки нишонаи барҷастаи садоқату шукрона ба Ватани аҷдодӣ ва ҷашни заҳмати созанда ба хотири рушди кишвари азизамон ба шумор меравад. Гузашта аз ин, истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат аст.
Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба шарофати ҳамин неъмати бебаҳо дар кишвари ҳамешабаҳори мо иқдомҳои бунёдкоронаву созанда ҳамарӯза вусъати тоза касб мекунанд.
Имрӯз мардуми шарифи мо хуб эҳсос мекунанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар кардааст. Натиҷаи ҳамин саъю талоши пайваста аст, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон сол аз сол беҳтар гардида, сиёсати пешгирифтаамон торафт самараҳои нек медиҳад.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир ва рӯз ба рӯз шиддат гирифтани рақобату печида гардидани авзои сайёра тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, соҳибихтиёрии давлатӣ, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намудан, амнияти кишвару оромии ҷомеаро таъмин кардан ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёриву зиракӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин иҷрои корҳои бузург ва татбиқи барномаҳои муҳими стратегиро барои даҳсолаҳои дигар тақозо мекунад.
Дар ин раванд мо ҳамеша ба халқи азизу сарбаланди худ такя мекунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, ки дар давоми солҳои наздиктарин мушкилоти мавҷудаи имрӯзаро бартараф намоем ва барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам созем.
Бовар дорам, ки мардуми шарифи кишвар ва фарзандони бонангу номуси халқи сарбаландамон қадру қимати истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти суботу оромии ҷомеа минбаъд низ саъю талош менамоянд.
Ҳамчунин итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати аҳлонаву дастаҷамъона дар ояндаи наздик давлати мустақилу озоди худро ба як кишвари ободу пешрафтаи олам табдил медиҳем.
Мададгори мо дар ин роҳи нек рӯҳи ҷовидонаи бузургони гузашта, дуои хайри пирони рӯзгордида ва ғайрати ҷавонони бонангу номуси халқамон мебошад.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи истиқлолият шодбош гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ, зиндагии осуда ва иқболи нек орзумандам.
Ҳамеша сиҳатманду комёб бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.13    №: 119    Мутолиа карданд: 3559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед