logo

мулоқотҳо

Олмон иқдомҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

12 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳори итминон кард.
Штефан Колер аз омодагӣ ва ҷараёни ҳамоиши бузурги иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, ҳавасмандии устувори давлати хешро ба густариши бештари ҳамкории гуногунпаҳлу бо кишвари мо таъйид намуд.
Ба гуфти Штефан Колер Олмон ва хусусан ширкатҳои бузурги энергетикии он ба иштирок дар сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд. Таъкид гардид, ки Олмон метавонад ба Тоҷикистон дар таъмини таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти неруи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик мусоидат намояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Олмон аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба навсозии неругоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла неругоҳи Норак ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.13    №: 120    Мутолиа карданд: 2357
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед