мулоқотҳо
Масъалаҳои марбут ба ҳусни
ҳамҷаворӣ баррасӣ шуданд
13 сентябр, нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ гаштанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2012 ба 80 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 43 миллион доллар афзуд. "Танҳо дар шаш моҳи соли равон ин нишондод ба 94 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нишонаи афзоиши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар аст", - иброз дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконот барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз зиёд аст.
Ҳар ду ҷониб мавқеи созандаи худро дар робита ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва таъсиси бозори минтақавии неруи барқ таъйид намуда, таъкид варзид, ки дар ин самти муносибот дар ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ фаъолият хоҳанд кард.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек баргузор гардида буд, зарурати омодасозӣ ва баргузор намудани ҷаласаи дуюми он ба миён гузошта шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои муносиботи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар гуфтугӯй сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.13 №: 121 Мутолиа карданд: 2481