сафарҳо
Идомаи сафари кории Сарвари давлат дар вилояти Суғд
Шиносоӣ бо корхонаи
саноатии "Фирӯз"
16 сентябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии "Фирӯз" ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши он бевосита шинос шуд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Искандаров дар заминаи собиқ фабрикаи корҳои хонагӣ бунёд ёфтааст. Дар даромадгоҳи он намунаҳои маҳсулоти гуногун ба маъраз гузошта шуда буд. Корхона аз коргоҳҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ иборат аст.
Дар коргоҳи бофандагии ин муассиса аз риштаҳои пахтагини корхонаҳои ресандагии ватанӣ матоъҳо барои дӯхти либосҳои варзишии навъи кимано омода мегардад. Аз ҳамин матоъҳо дар коргоҳи дӯзандагии он киманоҳои навъҳои гуногун барои гӯштин, карате, таэквондо ва дигар намудҳои варзиши тан ба тан дӯхта мешаванд.
Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки киманоҳои ин корхона ба 22 давлати ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ бо тамғаи ширкати "Фирӯз" ва нишонаи истеҳсолии Тоҷикистон содир мешаванд. Ширкати "Фирӯз"-и Тоҷикистон яке аз 10 ширкат дар ҷаҳон аст, ки барои дӯхтан ва фурӯши ин намуди либосҳои варзишӣ дар бозори ҷаҳонӣ иҷозатномаи байналмилалӣ дорад.
Бо иқтидори кунуниаш корхона имкон дорад, ки беш аз 40 ҳазор маҷмӯъ либоси варзишӣ дар як сол истеҳсол намояд. Корхона дар соли 2012 аз ҳамин намуди маҳсулот ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содир кардааст ва ин нишондодро дар ояндаи наздик ба 3 миллион сомонӣ расонданӣ аст.
Дар назди корхона толори калон ва майдони варзишӣ пешкаши ҳаводорони тарзи ҳаёти солим гардидааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз толори варзишӣ ба роҳбарияти корхона маслиҳат дод, ки як толори варзишии аз ин васею баланд ва универсалӣ бунёд намуда, дар ин толор боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 60 ҷойи корӣ омода созад. Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд, ки барои сохтмони толори бузурги варзишӣ ба ин соҳибкор дар ҷойи дигар замин ҷудо карда шавад.
Дар корхонаи дару тиреза бошад, бо иқтидори ҳозира 12 ҳазор метри мураббаъ намудҳои гуногуни дару тирезаи пластикӣ дар як сол истеҳсол мешавад, ки арзиши аслии он бо нархҳои имрӯза ба 2 миллион сомонӣ баробар аст.
Дар шафати корхона соҳибкори ватанӣ як меҳмонхонаи дараҷаи 4 ситора бунёд намудааст, ки дорои 18 ҷой ва шароити муосир мебошад. Дар таҳхонаи он ҳаммоми финӣ бунёд ёфтааст, ки он ҳам ба ҳамаи талаботи байналмилалии сатҳи баланд ҷавогӯй аст. Ҳоло дар ин корхона дар маҷмӯъ зиёда аз 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. То Наврӯзи соли оянда шумораи коргарони он бо шумули коргоҳи нави дӯзандагӣ ба зиёда аз 210 нафар хоҳад расид.
Дар яке аз толорҳои ин корхона хатнасури дастаҷамъонаи 20 писарча аз оилаҳои ниёзманд ба роҳ монда шуд, ки кори хайру савоб аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони ҳар яки ин кӯдакон туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла дучархаи кӯдакона, яхдону телевизор ва дигар ашёи рӯзгор тақдим намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори маҳаллӣ ва ҳамкорону шариконаш барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва башардӯстонаи Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд сафи чунин соҳибкорони баору номус боз ҳам бештар мегардад.
Ифтитоҳи ду бинои иловагӣ дар
таваллудхонаи вилоятӣ
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Зимни боздид аз шароити наву замонавии ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави он бо харҷи зиёда аз 54 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти ҷаҳонии замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар бинои якум, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, зоишгоҳҳо ва хонаҳои табобатии модарону кӯдакони навзод ҷойгир шудаанд. Ҳамаи хонаҳо бо таҷҳизоти гаронарзиш муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо мутахассисони ботаҷрибаи сатҳи баланд ба кор ҷалб шудаанд.
Бинои дуюм маркази ташхисӣ буда, бо тамографи магнитӣ-резонансии компютерӣ, мамограф, рентгени рақамӣ, эндоскоп ва дигар таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши муосир, ҷамъ қариб 70 номгӯй ва ду мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо харҷи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ аз ширкати олмонии Сименс харидорӣ ва дастрасу насб шудаанд. Нархи танҳо як мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизоташ 200 ҳазор доллари амрикоӣ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои кор бо ин таҷҳизот ва истифодаю нигоҳубини дурусти онҳо кадрҳои муносиб бояд омода карда шаванд, то ки ин дастгоҳҳои гаронарзиш солҳои зиёд хизмат карда, кори табибон ва мушкилоти ниёзмандонро саҳл гардонанд.
Бинои пешинаи таваллудхона ҳам бо харҷи қариб 3,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ мавриди тармим ва навсозии куллӣ қарор гирифтааст. Дар ин муассисаи тиббии вилоятӣ 350 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар доираи тадбирҳои навсозӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии вилоят дар ин ҷо корҳои ободонии дохил ва атрофи беморхона, тоза намудани ҳуҷраҳои табобатию корӣ ва ғайра иҷро шудаанд.
Мактаб дар маҳаллаи навбунёд
Иншооти сеюм, ки дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи навбунёд барои 1000 нафар хонанда дар ду баст мебошад.
Чунонки зикр гардид, ин маҳаллаи нав дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз соли 2003 ба ин рӯз бунёд ёфта, то ин вақт мактаб надоштааст. Аз ин хотир дар ин ҷо бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ мактаби нави замонавӣ бо 16 синфхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯй бунёд шуд.
Кунун шодию нишоти сокинони маҳаллаи навбунёдро ҳадду канор нест, зеро то ин вақт фарзандони онҳо ба мактабҳои дур аз макони зисти худ ба дарс мерафтанд. Ғайр аз ин, бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ мушкили норасоии мактабҳо дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф гардид.
Дар мактаб шароити зарурӣ барои дарсҳои омӯзиши асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои лабораторӣ барои фанҳои дақиқ, ба мисли физика, кимиё, биология ва ҳамчунин толорҳо барои дарсҳои рақс, сурудхонӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, толори маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво бо 100 ҷойи нишаст дар сатҳи баланд омода гардидааст.
Ба дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ низ дар ин ҷо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Мактаб дорои толори барҳавои варзишӣ ва майдони варзишии калон аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби замонавиро ба сокинони маҳаллаи нав ва кулли шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, омӯзгорон ва волидони мактаббачагонро ба таълиму тарбияи босифати насли оянда ҳидоят намуд.
Президент изҳори
хушнудӣ кард
Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 бинои сеошёнаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 24 синфхона буда, барои 1450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари сохтмони бинои нав иншооти пешинаи мактаб ҳам мавриди навсозӣ қарор гирифта, дар маҷмӯъ дар ин муассисаи таълимӣ барои 3700 нафар хонанда дар 2 баст шароит муҳайё гардидааст.
Сохтмони бинои навбунёди мактаб моҳи феврали соли 2012 оғоз ёфта, бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ то имрӯз барои баҳрабардорӣ омода гардидааст. Бинои нави иловагии мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад. Синфҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳазанд. Чунин шароитро то солҳои наздик ҳатто факултаҳои забономӯзии мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ надоштанд.
Мактаб дорои толори барҳавои маҷлисӣ, ошхонаи зебо, толори бузурги варзишӣ ва майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва дигар бозиҳо мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин мактаб муҳайёгардида, изҳори қаноату хушнудӣ карда, омӯзгорон ва падару модарони хонандагонро ба истифодаи босамар аз ин неъматҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ваҳдату дӯстии мардуми кишвар ҳидоят намуд.
Хонандагони болаёқат
соҳиби мактаби
замонавӣ шуданд
16 сентябр, бегоҳии рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои мактаб аз 3 ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфҳои компютерӣ, ташхисгоҳ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ ба поён расонда шуд.
Дар ин мактаб, ҳамчунин то 150 нафар хонандагони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд.
Мактаб аз бинои иншооти гуногун ва ҳуҷраву толорҳои зиёд иборат буда, дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи сатҳи баланди хонандагон мебошад. Толори маҷлисии мактаб тавре бунёд ёфтааст, ки дар он метавонанд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ низ ба роҳ монанд. Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва ҳам майдонҳои васеъ барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошад.
Таҳхонаи мактаб низ босамар истифода мегардад, зеро дар он 2 коргоҳи дарсҳои дӯзандагӣ барои духтарон ва ошхона ҷойгир шудаанд. Ошхонаи мактабӣ бо назардошти таъмини шароити матлуби санитарию гигиенӣ бунёд ёфта, дорои дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва толори барҳаво мебошад.
Хобгоҳи мактаб, ки бинои боҳашамати дуошёна мебошад, дорои 32 хонаи муҷаҳҳази хоб ва ҳуҷраву толорҳои дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат буда, барои 280 нафар пешбинӣ гардидааст.
Варзишгоҳ дар Хистеварз
қомат афрохт
Дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи бошукӯҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони варзишгоҳи бошукӯҳ соли 2011 оғоз ёфта, дар майдони 6 гектар бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ дар давоми 2 сол барои баҳрабардорӣ омода гардид.
Корти тенниси варзишгоҳ мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфта, метавонад боиси рушди ин намуди варзиш дар деҳоти ин ҷамоат гардад.
Варзишгоҳ дорои ҳавзи болопӯшидаи шиноварии стандартӣ ва майдонча барои волейбол, баскетбол, гимнастика ва дигар бозиҳо мебошад.
Кӯдакистони президентӣ
ифтитоҳ ёфт
17 сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ кӯдакистони президентии шаҳри Хуҷандро, ки бо тарҳи зебои дар минтақа нотакрору беназир бунёд ёфта, ба як шаҳраки афсонавии кӯдакон мубаддал гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Иншооти зебою муҳташам аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Кӯдакон, ки ба 46 гурӯҳи аз 16 то 20-нафарӣ шомил мегарданд, ҳамчунин ба се гурӯҳи синнусолӣ тақсим шуда, аз ҳама хурдсолон дар ошёнаи якум, 4-5-солаҳо дар ошёнаи дуюм ва 6-солаҳо дар қабати сеюми бино ҷойгир мешаванд.
Дар ошёнаи сеюм, ки барои шашсолаҳо пешбинӣ гардидааст, синфхонаҳо барои омодасозии онҳо ба мактаб муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин ҷо ба онҳо хондану навиштан ва расмкашӣ меомӯзонанд. Ҳамчунин хонаҳои махсус барои маҳфилҳои рақсу суруду дилхушӣ ва ҳатто барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва асосҳои кор бо компютер мавҷуданд.
Кӯдакистон дорои се ҳавзи шиноварӣ мебошад. Яке аз онҳо бо соябонҳо ва курсиҳои махсуси бароҳат дар ҳавлӣ ҷойгир шуда, ду тои дигар бо шабакаи гармсозӣ ва обсофкунӣ дар таҳхона қарор доранд.
Кӯдакистони президентӣ дорои хадамоти махсуси тиббӣ, оташнишонӣ, гармидиҳӣ ва доир ба нигоҳубини гулгашту майдончаҳои ҳавлӣ буда, барои ҳамаи онҳо тамоми шароти зарурии техникию хоҷагидорӣ муҳайё гардидааст.
Дар зимистон ба тамоми биноҳои кӯдакистон ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор хоҳад кард, оби гарм ва гармӣ дода мешавад.
Зимни боздид аз ошхонаю ошпазхонаи ин муассисаи инноватсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба масоили тозагию озодагӣ, талаботи санитарӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ба кӯдакистон аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 2 автобуси чилнафара ва як мошини боркаш ҳадя шуд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони соҳаи маориф ва дигар сохтору муассисаҳои масъули омӯзишу парвариши насли навраси вилоят суханронӣ карда, аз дастовардҳои назарраси Ҳукумати кишвар дар ин самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуд ва ҳамагонро ба омодасозии босифати кӯдакону наврасон ва ҷавонони ояндасози Ватани азиз ҳидоят намуд.
Мактабу майдони
инноватсионии ронандагӣ
дар шаҳри Хуҷанд
17 сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ, ки ба таври инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маркази инноватсионии омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти ин соҳа муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин муассиса, ки маркази санҷиши техникии мошинҳои сабукраву боркаш ва майдони варзишии картинг дорад, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ин сеюмин чунин муассисаи гурӯҳи соҳибкорон мебошад, зеро дутоашро онҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа бунёд кардаанд. Ояндаи наздик чунин мактабу майдонҳои инноватсионии ронандагӣ боз якто дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Данғара ва водии Зарафшон бунёд меёбанд.
Дар ин муассисаҳо омӯзиш ва имтиҳоноти назариявӣ ва амалии ронандагӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад. Ин амали онҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо барномаи давлатии таъсиси ҳукумати электронӣ роҳандозӣ мегардад. Тамоми дарсҳо, имтиҳонҳои назариявӣ ва ҳар ду марҳилаи санҷиши амалии маҳорати ронандагӣ, яъне ҳам дар майдони таълимӣ ва ҳам дар роҳҳои шаҳрӣ таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои электронии пайваст ба шабакаи ягонаи мутамарказ ҷараён мегирад ва касе ба ин раванд дахолат карда наметавонад. Имтиёзҳо барои супурдани ҳар як банду саволи имтиҳоноти назариявию амалӣ ва ҳам баҳои умумии довталаб ба ҳуқуқи ронандагӣ аз ҷониби барномаи махсуси компютерӣ гузошта мешавад. Дар сурати зиёд шудани хатоҳо дар ҷараёни имтиҳон компютер ба таври автоматӣ хабар медиҳад, ки довталаб аз санҷиш нагузашт.
Барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани дарсҳо ва санҷишу имтиҳоноти ронандагӣ барои се муассисаи инноватсионии фаъолгардида, 250 мошини сабукрав, 30 автобус ва 50 мошини боркаш, ки ҳар яке барои ин мақсад бо дастгоҳу таҷҳизоти махсуси электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, харидорӣ шудааст. Танҳо ба ҳамин муассисаи сеюм, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт, 29 мошини сабукрав, 10 мошини боркаш, 7 автобус ва 10 мотосикл дастрас гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳори боварӣ намуд, ки дар сурати васеъ ба роҳ монда шудани ин таҷриба ва ҳам татбиқи босамари лоиҳаҳои "шаҳри бехатар", яъне таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ қарор додани роҳҳои мошингард, шумораи қоидавайронкуниҳо ба маротиб коҳиш меёбад ва фарҳанги баланди ронандагӣ тадриҷан ташаккул ёфта, рушд менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.13 №: 122 Мутолиа карданд: 2123