мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт
18 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси мудирияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Газпром"- и Федератсияи Русия Алексей Миллер вохӯрд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ ва маводи сӯхт баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба ин ширкати бузурги Русия иҷозати коркардаш дода шудааст, зоҳир гардид.
Бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6450 метр расида, кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кони умедбахш гузарад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки "корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар мавзеъҳои Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара низ бояд вусъат дода шаванд".
Алексей Миллер изҳор дошт, ки "оянда ширкати "Газпром" тасмим дорад сармоягузориро ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон афзун намояд".
Ҳамчунин дархости ширкати "Газпром" доир ба дарёфт намудани иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ ёфт.
Изҳори боварӣ шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ асоси муҳим барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Русия хоҳад буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.13 №: 122 Мутолиа карданд: 2529