мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Чинор Рустамова
18 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамоваро бо сабаби анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари дипломати туркман дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ дар кору зиндагии ояндааш барору комёбӣ таманно намуд.
Чинор Рустамова аз таассуроти накӯи худ аз Тоҷикистон ва муносиботи роҳбарияту мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талоши худро идома хоҳад дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.13 №: 123-124 Мутолиа карданд: 2408